Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД ба Тоҷикистон нерӯ намефиристад


Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мегӯяд, нақша надорад ба Тоҷикистон, ки бо таҳдиди амниятӣ рӯбарӯ шудааст, нерӯҳои посдори сулҳ фиристад. Муовини аввали сардори Ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Ноговитсин ба хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон эълом доштааст, ки мушкилро бо нерӯҳои худ ҳал хоҳад кард ва ҳанӯз масъалаи посдории сулҳ ба миён наомадааст. Ноговитсин ёдовар шуд, ки тасмими фиристодани нерӯҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ пеш аз ҳама зимни дархости кишвари узв ва бо ризоияти сарони кишварҳо гирифта мешавад. Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир аз тарафиТоҷикистон чунин дархосте нашудааст. Муовини аввали сардори Ситоди муштараки паймон гуфт, нерӯҳои ин ниҳод шеваи вокуниш ба чунин ҳаводисро борҳо дар размоишҳо тамрин кардаанд.
XS
SM
MD
LG