Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти бахшида ба Татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ гуфт, расидан ба ин аҳдоф бидуни саъйи муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ғайри имкон аст. Ӯ гуфтааст, ки бо вуҷуди бӯҳрони молӣ ва муҳосираи иқтисодии Узбакистон, Тоҷикистон ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ даст ёфтаст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бахусус пайомадҳои бӯҳронҳои иқтисодиву молӣ ва тағйири иқлим, иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо дучори манеъа кардааст.

«Тағйири иқлим ва оқибатҳои он ки сол то сол амиқтар мешавад, имрӯз дар назди мо вазифаҳои нав ба нави мураккабро мегузорад. Иҷрои онҳо бе сайъи муштарак ва талоши якҷояи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад”.

Ӯ гуфт, суръат бахшидани иҷрои вазифаю уҳдадориҳо зарур аст.



Тоҷикистон кишвари озмоишӣ

Тоҷикистон яке аз ҳашт мамлакати озмоишии татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ буда, стратегияи миллии рушдаш то соли 2015-умро таҳия кардааст.

Ҳадаф аз ин санад осон кардани дастрасии аҳоли ба хадамоти иҷтимоъӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатист.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳукумати кишвар тавонистааст то андозае сатҳи камбизоатиро дар кишвар паст кунад ва барои расидан ба ин ҳадафҳо дар айни ҳол тақрибан нисфи буҷҷаи давлат ба соҳаҳои иҷтимоъӣ ва ба вижа маъорифу тандурустӣ равона шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пурра бартараф нашудани оқибатҳои бӯҳронҳои моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ишора кард ва гуфт, низоми молии ҷаҳонӣ ба ислоҳот ниёз дорад.

“Хусусан, дар давраи ҳозира, вақте ки оқибатҳои бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҳанӯз пурра бартараф нашудааст, зарурати тезонидани ҷараёни ислохоти низоми молиявии байналмилалӣ боқӣ мемонад”.

Ин ислоҳот ба эҳёи тиҷорат ва сармоягузории байналхалқӣ бояд мусоидат кунад. Чун ки ин омилҳо шарти асосии пешрафти иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъмини аҳоли бо кор мебошад.

Қарзи хориҷӣ садди пешрафт

Оғои Раҳмон қарзи берунаро аз монеъаи ҷиддии пешрафт унвон карда ва гуфт, тадбирҳои номбаршуда набояд бори вазнини қарзи берунаи мамлакатҳоро боз ҳам сангинтар кунад.

Вай афзуд ки дастрасии ҳар фард ба энержи омили асосии расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола аст ва ба ин омил бояд афзалият дода шавад. Раҳбари Тоҷикистон дар бораи истифодаи самаранкои манобеъи энержии барқароршаванда назири об, шамол ва офотоб низ сӯҳбат намуд.

Аммо қабл аз ин суханронӣ дар меҳмонсарои Миллениум Плаза расми муаррифии гузориши “Татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ дар Тоҷикистон” баргузор гашт.

Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли суханрониаш дар ин маросим дар бораи дастовардҳои кишвараш дар ин арса бо тафсил сӯҳбат кард ва аз ҷумла гуфт, ки бо вуҷуди офатҳои табии ва муҳосираи иқтисодӣ аз ҷониби Узбакистон, Тоҷикистон дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таъмини аҳолӣ бо кор, дастрасии аҳолӣ ба хадамоти маишӣ ва беҳдоштӣ ба дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳ ноил гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба муҳосираи иқтисодии ахири Тоҷикистон ва мушкилоте, ки ин муҳосира дар пай дошт ишора кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ба роҳи оҳани алтернативӣ барои робита бо хориҷ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG