Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири шадиди амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон


Ба далели ташаннуҷи авзоъ дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз вуруди афроди мусаллаҳ ба Қирғизистон, хадамоти марзбонии ин кишвар назорати марзҳояш бо Тоҷикистонро шиддат бахшидааст.

Чӯлпонбек Турусбеков, ноиби раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон тайи як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар мувофиқат бо ҳамтоёни тоҷикаш, рафту омади шаҳрвандони ду самти марз аз тариқи баъзе посгоҳҳо барои чанд муддат маҳдуд сохта шуд.

Назорати шадиди марзи байни ду кишвар

Ба гуфтаи Чӯлпонбек Турусбеков, баъди ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтани нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ва кушта шудани даҳҳо сарбозу афсари тоҷик дар водии Рашти Тоҷикистон, онҳо назорати марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистонро шиддат бахшидаанд.

Ноиби раиси хадамоти марзбонӣ тазаккур дод, ки шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон аз тариқи шаш посгоҳи марзӣ ба қамламрави ин ду кишвари ҳамҷавор рафту омад мекунанд.

Чӯлпонбек Турусбеков мегӯяд, дар ҳамин ҳол рафту омад аз тариқи посгоҳи Қарамиқ, ки қисмати шарқии Тоҷикистонро бо вилояти Ӯши Қирғизистон васл мекунад, барои чанд рӯз маҳдуд сохта шуд.

Ба таъкиди оқои Турусбеков, мақомоти марзбонии тоҷик хуруҷи шаҳрвандони худро аз тариқи ин посгоҳ мамнӯъ эълон кардаанд. Вай гуфт маълум нест, ки низоми ҷорикардаи ҷониби Тоҷикистон барои чанд рӯз муқаррар шудааст.

Бино ба гуфтаи Чӯлпонбек Турусбеков, Қирғизистон ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди ашхоси мусаллаҳ, ки дар ноҳияи Рашт вазъиятро халалдор сохтаанд, ба пиёда кардани чораҳои иловагии амниятӣ маҷбур шуд.

Ноиби раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз вилоятҳои Талас, Чуй, Иссиқкӯл ва Норин ба вилояти Ботканди кишвараш нерӯҳои махсуси низомӣ интиқол дода шуданд, то ҳифзи марзҳои бо Тоҷикистонро таъмин кунанд.

Постгоҳҳои марзӣ баста нашудаанд

Тибқи хабарҳои расида, баъди ҳодисаҳо дар водии Рашти Тоҷикистон, низоми рафту омад тавассути посгоҳҳои марзии вилоятҳои ҳамҷавори Ботканд ва Суғди ду кишвар бе ягон тағйирот боқӣ мондааст.

Ин иттилоро як ронандаи таксӣ, ки худро Орзумат муаррифӣ кард, ба радиои Озодӣ таъйид намуд.

Ба гуфтаи Орзумат, марзбонони қирғиз чун пештара шиносномаҳои онҳоро аз назар гузаронданд ва ба онҳо бидуни монеа иҷозаи убур доданд.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, шояд ин маҳдудсозиҳо дар қисмати Олой пиёда шудааст, зеро дар Ботканду Исфара вазъ ором аст.

Дар айни ҳол Тоштемир Эшалиев, раиси шӯъбаи дифои ҳукумати вилояти Ботканд ба Озодӣ гуфт, ки аз интиқоли нерӯҳои иловагии марзбонӣ хабардор нест.

Ба гуфтаи Тоштемир Эшалиев дар вилояти Ботканд авзоъ комилан ором аст. Вай гуфт, ба ин далел мӯътақид аст, ки барои интиқоли нерӯҳои иловагии низомӣ ба ин минтақа ягон эҳтиёҷ нест.
XS
SM
MD
LG