Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cара Шурд: Беҳбуди равобити Эрон ва Амрико ба нафъи мардум аст


Cара Шурд шаҳрванди амрикоӣ, ки ба тозагӣ пас аз 13 моҳ зиндон аз Эрон хориҷ шуд, рӯзи якшанбе дар як конфронси хабарӣ ҳаргуна иттиҳоми ҷосусиро дар мавриди худ ва ду дӯсти зиндонии дигарашро рад кард ва онро як «бадфаҳмии бузург» хонд .

Вай ҳамчунин беҳбуди равобити Эрон ва Амрикоро ба нафъи ҳама мардум донист.

Соро Шурд дар ин конфронси хабарӣ таъкид кард, ки эҳсос мекунад, ки танҳо ба андозаи «яксаввум» озод шуда аст чаро, ки номзадаш Шане Боер ва дӯсташ Ҷош Фаттал ҳамчунон дар зиндон ҳастанд.

Хонум Шурд аз эрониҳо ва Аҳмадинажод сипосгузорӣ намуд

Ин шаҳрванди 32 солаи амрикоӣ, ки дар Ню-Йорк бо хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт, ки «акнун замони ҷашн гирифтан нест».

Сара Шурд гуфт: «Танҳо чизе, ки маро қодир кард аз зиндон ба сӯи озодӣ биравам ин буд, ки Шане ва Ҷош бо ҳама вуҷудашон мехостанд ранҷ ва дарди ман ба поён бирасад»

Хонум Шурд дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, ки таҷрибаи онҳо ба фурсате барои амрикоиҳо ва эрониҳо бадал шавад, ки дарёбанд беҳбуди равобиташон ба нафъи ҳама мардум аст.

Вай ҳамчунин дар ин конфронси хабарӣ аз эрониҳо ва Маҳмуд Аҳмадинажод ба хотири озодияш сипосгузорӣ кард ва афзуд парвандаи онҳо низ ба феҳристи танишҳои Эрон ва Амрико афзудааст.

Рӯзи якшанбе Маҳмуд Аҳмадинижод, ки барои ширкат дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба сар мебарад , дар мусоҳибае ба шабакаи АБС озодии Сара Шурдро иқдоме башардӯстона тавсиф кард ва аз ИМА хост, ки ҳашт эронии зиндонӣ дар ин кишварро озод кунад.

Хонум Шурд: "Мо ҷосус нестем"

Эрон пеш аз ин эълом карда буд, ки ин се шаҳрванди амрикоӣ муттаҳам ба ҷосусӣ ҳастанд, бо ин ҳол хонаводаҳои ин се амрикоӣ борҳо гуфтаанд, ки он се танҳо дар кӯҳҳои Курдистони Ироқ ба кӯҳнавардӣ машғул буданд ва агар ҳам ба хоки Эрон ворид шудаанд иқдоми амдӣ набудааст.

Сара Шурд дар конфронси хабарии худ гуфт: « Агар ҳам мо наздики марзи Ироқ ва Эрон будем ин марз комилан аломатгузорӣ ва ғайри қобили ташхис буд».

Вай афзуд : «Мо ҷурме муртакиб нашудаем ва ҷосус нестем, мо ба ҳеҷ ваҷҳ қасди латма ба давлат ва мардуми Эрон надоштем ва ман муътақидам як бадфаҳмии бузург ба дастгирӣ ва идомаи боздоштамон мунҷар шуд».

Сара Шурд ҳамчунин гуфт, ки пизишкони уммонӣ ба вай итминон додаанд, ки дар саломатӣ ба сар мебарад . Модари Сара Шурд пеш аз ин ибрози нигаронӣ карда буд, ки мумкин аст духтараш дар маърази гирифтори ба саратони пистон бошад.
XS
SM
MD
LG