Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков барои истироҳат ба Австрия рафт


Дар пасманзари сарусадоҳои бархоста пиромуни эҳтимоли истеъфои Юрий Лужков аз шаҳрдории Маскав, ӯ барои рухсатӣ ба хориҷ рафт. Сухангӯи шаҳрдорӣ Сергей Тсой гуфт, Лужков мехоҳад як ҳафта дар Австрия дам бигирад. Лужков, ки аз соли 1992 шаҳрдори пойтахти Русия аст, тайи ҳафтаҳои охир бо мавҷи тазоҳуроти эътирозӣ ва интиқод дар матбуот дучор шуда, ҳатто аз раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ҳам танқид шунид. Чунин ба назар мерасад, ки ин муттаҳиди наздики сарвазир Владимир Путин ва ҳамсари миллиардери ӯ Елена Батурина аз лутфи сарони кишвар маҳрум мешаванд. Шабакаи телевизионии НТВ рӯзи шанбе филми дуввуми мустанад дар бораи Лужков ва ҳамсари ӯро нашр кард ва мулоқоти барои охири ҳафта пешбинишудаи ӯву Путин ҳам зоҳиран лағв шудааст.
XS
SM
MD
LG