Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоишҳои байнулмилалӣ аз интихоботи Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз афғонҳо барои ширкаташон дар интихоботи порлумонӣ бо вуҷуди таҳдидҳои толибон ба баҳам задани он, ситоиш карданд. Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун раъйдиҳандагони Афғонистонро табрик гуфт ва ба "ҷасорату қатъияти онҳо" арҷ гузошт. Чунин нукот дар табрикномаи Иттиҳоди Аврупо низ ҷой дорад. Бино бар хабарҳо, наздик ба 40 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар интихоботи порлумонии рӯзи шанбе ширкат карданд. Сокини шаҳри Кобул Сафиуллоҳ Хон натиҷаҳои интихоботро зиёда аз интизор номид. Дар ҳамлаҳои толибон ва мушакандозӣ ба шаҳрҳо дар рӯзи интихобот дар манотиқи гуногуни Афғонистон, 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Толибон мегӯянд, дар ин рӯз 150 ҳамла анҷом додаанд. Ҳамзамон аз тақаллуб ва хилофкориҳо хабар мерасад. Аммо як раъйдиҳанда дар Кобул, Муҳаммадҳасан Ниёзӣ, интихоботи порлумонии рӯзи шанбеи Афғонистонро озод ва одилона донист. Ин дувумин интихоботи порлумонии Афғонистон аз соли 2001 ба ин сӯ буд.
XS
SM
MD
LG