Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи сахт дар умқи қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш


Заминларзаи сахте бо нерӯи 6,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер шимолу шарқи Афғонистон ва манотиқи ба он наздики Тоҷикистону Покистонро такон дод. Марказҳои зилизиласанҷӣ мегӯянд, такони асосӣ каме пештар аз нимишабӣ дар соати 11 ва 51 дақиқаи шаби 17-уми сентябр ба вуқӯъ пайвастааст. Маркази он дар 75-километрии ҷанубушарқи Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ гашта, зилзила дар Хоруғи Тоҷикистон, Читрали Покистон ва Кобули Афғонистон низ эҳсос шудааст. Марказҳои зилизилашиносии Амрико мегӯяд, такон дар 200 километрии умқи замин ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG