Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Абдусаломов ба таъхир гузошта шуд


Додгоҳи 4 узбаки муттаҳам ба даст доштан дар даргириҳои қавмии хунини моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон ба далели маризии яке аз муттаҳамин то рӯзи чоршанбеи 22 сентябр ба таъхир гузошта шуд. Улуғбек Абдусаломов, ноиби раҳбари маркази фарҳангии узбакони шаҳри Ҷалолобод ва сардабири ҳафтавори дузабонии “Дидор”, рӯзи панҷшанбе дар бемористон ба сактаи қалб дучор шудааст. Ӯ чанд рӯз ба ин сӯ таҳти табобат қарор дошт. Абдусаломов ва 3 тани дигар ба таҳрики адовати қавмӣ, ки мунҷар ба даргириҳои хунин байни узбакҳову қирғизҳо шуд, айбдор мешаванд. Қодирҷон Ботиров, раҳбари маркази фарҳангии узбакҳои Ҷалолобод низ бо айни иттиҳом дар пайгард қарор дорад. Дар ҷараёни даргириҳои хунини моҳи июн дар Ӯшу Ҷалолобод қариб 400 нафар кушта ва садҳо ҳазор беҷо шуданд.
XS
SM
MD
LG