Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари мухолифони чечен дар Лаҳистон


,
,

Бино ба гуфтаи телевизиони Лаҳистон, яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаев, ки Русия номи ӯро дар рӯйхати сиёҳ барои фаъолиятҳои даҳшатафканӣ шомил кардааст, тавассути нерӯҳои интизомии ин кишвар боздошт шудааст.

Раҳбари ҷудоихони чечен Аҳмад Закаев, ки ҷиҳати мушорикат дар анҷумани дурӯзаи чеченҳо вориди Лаҳистон шуда буд, субҳи имрӯз боздошт шудааст.

Закаев- роҳбари саршиноси ҷудоихоҳони чечен

Закаев ҳангоми боздошташ ба хабарнигорон гуфт:

“Ягон кори мудҳише рух надодааст. Лаҳистон як кишвари озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ва вақте ман фаҳмидам, ки чунин мушкиле бархостааст, тасмим гирифтам, то биёям ва худ бифаҳмам, ки асли моҷаро чист?”

Оқои Закаев қаблан тавассути мақомоти Лаҳистони ҳушдор дода шуда буд, ки бинобар дархости Русия аз Интерпол вай дастгир хоҳад шуд.

Ҷаноби Закаев, ки пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар соли 2003 то ба ҳол дар Бритониё ба сар мебурд, дар пешорӯи ин анҷуман гуфта буд, ки вай визаи Лаҳистонро дарёфт кардааст ва дар ин нишаст иштирок хоҳад кард.

Қарор аст анҷумани ҷаҳонии чеченҳо бо ҳузури беш аз 200 намоянда аз ҷамъияҳои чеченҳо аз Русия, Аврупои Ғарбӣ, Ховари Миёна, Осиё ва Амрикои Шимолӣ ба кори худ оғоз намояд.

Интизор меравад дар ин анҷуман, Руслан Хасбулатов-собиқ раиси Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Витаутас Ландсбергис- собиқи раиси шӯрои олии Литва, Олег Орлов- ҳомии ҳуқуқи башар, Борис Немсов- раиси ҷунбиши опозитсионии «Солидарност» , инчунин Гарри Каспаров ва Владимир Буковский суханронӣ намоянд.

Тақозои Русия барои истирдоди Закаев

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Русия гуфтааст ки баргузории ин анҷуман дар ноором кардани вазъ дар Кавкази Шимолӣ мусоидат менамояд.

Сухангӯи Кремл Александр Хлопонин рӯзи ҷумъа тақозои Русия барои истирдоди Аҳмад Закаев, яке аз раҳбарони ҷудоиталабони чеченро такрор кард ва ӯро “террористи байналмилалӣ”-е номид, ки “бояд дар Русия муҳокима шавад.”

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Лаҳистон Доналд Туск дар робита ба ин мавзуъ гуфтааст, ки ҳукми истирдоди Закаевро фақат додгоҳ метавонад содир кунад.

Русия Аҳмад Закаевро террорист эълон намуда, ӯро ба куштор, гаравгонгирӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҷараёни рӯёрӯиҳои Маскав ва Чеченистон дар солҳои 1996-99 айбдор менамояд.


XS
SM
MD
LG