Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ба таҷдиди сохтории Академия амр дод


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қарор ба таҷдиди сохторию идории Фарҳангистони улуми кишвар амр дод. Тибқи ин қарор, институтҳои таҳқиқотиву илмии марбут ба Академияи илмҳои кишвар акнун муттаҳид хоҳанд шуд. Шумори институтҳои таҳқиқотии назди академияи илмҳои Тоҷикистон беш аз 20 адад гуфта мешавад, ки дар риштаи геология, биология, зилзилашиносӣ, забону адабиёт, шарқшиносӣ, фалсафа ва ғайра фаъолият мебаранд. Бисёриҳо судури чунин як қарорро ба вазъи бӯҳроние, рабт медиҳанд, ки дар фаъолияти ин ниҳоди илмӣ ба миён омадааст. Ҳанӯз моҳи дар оғози соли ҷорӣ оқои Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар бо интиқод аз “самаранокии ками академия” дар аз масъулони он хоста буд, ки пешниҳоди мушаххасро дар заминаи ислоҳи ин ниҳоди илмӣ ироа кунанд. Дар айни замон, аъзои академия, донишмандони маъруфи кишвар, ки бо чунин танқидҳо розӣ нестанд, аз пуштибонии нокофии молии фаъолиятҳои илмии худ шикоят мекунанд.
Дар миёни мунаққидони кори академияи илмҳои Тоҷикистон донишманди тоҷики муқими Амрико Акбари Турсун аст, ки академияро як сохтори кӯҳаншуда номидааст, ки ба тақозои сатҳи имрӯзаи рушди илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест.
XS
SM
MD
LG