Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар ҷануби ноамни Қирғизистон


Мақомоти шаҳри Узгени Қирғизистон мегӯянд, гурӯҳе аз сокинони ин шаҳр бо талаби раҳоии як сокини маҳаллӣ, ки бо иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ боздошт шудааст, раҳпаймоӣ кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, тазоҳурот дар як маҳаллаи умдатан ӯзбакнишини Узген сурат гирифтааст ва аксари тазоҳургарон ҳам ӯзбакҳо будаанд. Тазоҳургарон, ки теъдоди онҳоро аз 300 то 2000 нафар гуфтаанд, баъди ба ҳаво тир андохтани маъмурони пулис пароканда шудаанд вале баъдан дар назди қароргоҳи милиса ҷамъ омада ва хостори раҳоии ҳаммалаашон шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки он мард куҷост ва оё дар воқеъ дар хонаи ӯ силоҳ пайдо кардаанд ё на? Шаҳри Узгени Қирғизистон агарчӣ аз низоъҳои хунини қавмии моҳи июн эмин буд, аммо чунин низоъро соли 1990 аз сар гузаронидааст.
XS
SM
MD
LG