Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгарди амрикоӣ озод шуд


Мақомоти Эрон Сара Шурдро, ки беш аз як сол дар зиндони Эвини Теҳрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз нигоҳ дошта мешуд, аз маҳбас раҳо карданд. Сара Шурди 32-сола, рӯзи сешанбе дар як ҳавопаймои хусусии уммонӣ, Теҳронро тарк гуфт ва дар шаҳри Масқат- пойтахти Уммон ба модараш пайваст.

Дар ин бора Филип Кровлӣ сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар Вошингтон хабар дод:
“Мо бисёр хушнуд шудем, ки чанд дақиқа қабл ба мо таъйид карданд, ки Сара Шурд бо тарки Теҳрон, озими шаҳри Масқати Уммон шудааст.”

Изҳори сипоси хонум Шурд аз мақомоти Эрон

Шурд яке аз се шаҳрванди амрикоиест, ки июли соли 2009 дар қаламрави Эрон наздик ба марз бо Ироқ боздошт шуда буданд.

Мақомоти Теҳрон Шурди 32 сола ва боз ду амрикоии дигар Шейн Бауер ва Ҷош Фатталро дар убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ муттаҳам мекунанд. Ҳар се зиндонӣ ин иттиҳомотро рад намуда мегӯянд, ки ҳангоми кӯҳнавардӣ дар Курдистони Ироқ иштибоҳан вориди Эрон шудаанд. Вошингтони расмӣ низ ин иттиҳомотро бе появу асос хондааст.

Дар сӯҳбат бо шабакаи инглисизабони давлатии Эрон қабл аз парвозаш ба Уммон хонум Шурд гуфт:
“Ман воқеъан мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки ба ин қазия дахолат карданд, ҳукуматҳои кишварҳо ва афроди ҷудогона дар тамоми ҷаҳон, сипосгузории худро баён кунам. Ман ба вижа мехоҳам ба президент Аҳмадинажод ва ҳамаи мақомдорони Эрон ва пешвоёни мазҳабии он кишвар муроҷиат намуда барои ин ҳусни нияти башардустона миннатдорӣ кунам.”

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз раҳоии Шурд истиқбол кард ва гуфт, ки ИМ умедвор аст Теҳрон бо намоиши раҳму дилсузӣ бозгашти Шейн ва Ҷош ва боқии амрикоиҳои дар Эрон боздоштшуда ё ғайбзадаро тазмин диҳад.

Хонум Шурдро ба ивази гаравпулӣ озод карданд

Барои раҳоии Шурд мақомоти Эрон 500 000 доллар васиқа талаб карданд. Хонаводаи Шурд гуфт, ки ҷамъоварии чунин сармоя барояш мушкил хоҳад буд.

Генерал Аббос Ҷавҳарии Давлатободӣ, додситони Теҳрон, ба хабарнигорон гуфт, гаравпулӣ ба бонки Эрон дар Масқати Уммон пардохт шудааст. Аммо манбаи ин пулҳо то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико низ дар бораи сарчашмаи ин сармоя тафсилоте надод, аммо ӯ пардохти гаравпулиро аз ҷониби ҳукумати ИМ- ро рад намуд.

Қаблан Давлатободӣ гуфта буд, ки Шурдро бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш раҳо карданд.

Бино ба суханони Нора Шурд, модари хонум Шурд, вазъи саломатии кӯҳнаварди 32 солаи амрикоӣ бисёр сангин аст ва ӯ аз саратони аввалия, варами сина ва афсурдагии равонӣ азият мекашад.

Додситони Теҳрон ишора кард, ки бо вуҷуди раҳо шудани Шурд, парвандаи ӯ ҳамроҳ бо парвандаҳои ду амрикоии боқимонда дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG