Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Ховари Миёна шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз ба хотири идомаи талошҳои кишвараш барои аз саргирии музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластиниён вориди Ховари Миёна шуд. Қарор аст, ӯ имрӯз бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён дар Миср дидору гуфтӯгу кунад. Музокироти мазкур рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Байтулмуққадас идома меёбад. Интизор меравад, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк бо Маҳмуд Аббос ва Бенямин Нетаняҳу гуфтӯгу дошта бошад. Ҳарду ин раҳбар баъди ду соли таннафус доир ба сулҳ дар Ховари Миёна 3 сентябр дар Вашингтон музокироти мустақим доштанд.
XS
SM
MD
LG