Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терри Ҷонс: "Қуръон"-ро ҳеҷ гоҳ оташ нахоҳам зад


Рӯҳонии амрикоӣ Терри Ҷонс изҳор намуд, ки аз тасмими сӯзонидани нусхаҳои Қуръони маҷид дар солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба ИМА комилан даст бардоштааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии амрикоии NBC ӯ гуфт, ки “китоби муқаддаси мусалмонҳоро на ҳоли ҳозир ва на ягон вақти дигар” оташ нахоҳад зад.
Иқдоми раҳбари як калисои кӯчак дар аёлати Флорида барои рӯзи 11 сентябр ба коми оташ афкандани нусхаҳои Қуръони маҷид мавриди интиқоди раҳбарони ИМА, ходимони сиёсиву мазҳабии кишварҳои гуногун гардид. Дар Афғонистон чандин намоиши эътирозӣ алайҳи тасмими Ҷонс доир шуд. Аз ҷумла, рӯзи шанбе дар вилояти Лугар издиҳоми ба хашм омада як постгоҳи полис ва чандин мағозаро ба оташ кашид. Динмуҳаммад Дарвеш, як мансабдори маҳаллӣ гуфт, ки кормандони полис ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи издиҳом ба хонаи волии Лугар сӯи ҳаво тир андохтанд. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG