Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши зӯри бозуи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Имрӯзҳо дар қаламрави Қазоқистон машқҳои алайҳи терористии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таҳти шиори «Рисолати сулҳ–2010» ҷараён дорад ва қарор аст, то 25 сентябр идома кунад. Дар ин машқҳо беш аз 5 ҳазор низомӣ аз кишварҳои узв ширкат доранд.

Густариши тероризм ва ифротгароии мазҳабӣ мунҷар ба он шудааст, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имконоту зарфиятҳои низомии худро дар муқобила бо чунин таҳдидоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба намоиш гузоранд.

Дар чанд соли ахир низ Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ машқҳои низомиеро дар ин робита баргузор кардааст ва ҳадафи аслӣ таъмини сулҳу субот дар минтақа мебошад. СПАД як эътилофи низомии таҳти нуфузи Маскав аст, ки 7 кишвари Шӯравии собиқ – Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад.

Дар ҳамин ҳол дабири кулли ин паймон Николай Бордюжа эълом кардааст, ки ин СПАД дар пайи сохтани низомест, ки аз бӯҳронҳое, назири рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ҷилавгирӣ кунад. Ҷаноби Бордюжа таъсиси чунин як низомро зарур хонд ва гуфт, ки онҳо феълан рӯи ин барнома, ки дар нишасти ахири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван тасвиб шудааст, кор мекунанд.

Владимир Соловёв, коршиноси руси, бар ин назар аст, ки тарҳҳои муштараки низомии СҲШ ва СПАД дар ҳалли масоили амниятии минтақа нақши умда надорад
Владимир Соловёв, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нахуст ба ин изҳороти Бордюжа вокуниш нишон дод:

“Ин нақшаҳо нав нест, ҳанӯз дар ҷаласаи ахири онҳо дар Ереван дар ин бора гуфта буданд. Аммо дар мисоли Қирғизистон мо дидем, ки баъди сар задани низоъҳои байниқавмии имсола ин кишвар бо мушкили худ рӯбарӯ монд. Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин қазия ягон нақши муҳиме набозид. Фақат баъди он ки ин низоъ хотима ёфту шиддати бӯҳрон паст шуд, ба Қирғизистон як андоза кӯмак шуд. Ба он ҷо мушовирони ин созмон сафарбар шуданду ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қирғизистон мусоидат карданд”.

-Нақши Ӯзбакистонро дар ин созмон, ба хотири саркашиҳояш аз иҷрои тасмимҳои ин созмон ва ҳам дигар созмонҳое, ки дар зери чатри Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд имзо мешаванд, чист?

-Ин масъала воқеан ҳам ҷо дорад. Ӯзбакистон аз дигар давлатҳо бо он фарқ мекунад, ки ҳамеша як фикри худро дорад. Масалан то ҳол Тошканд созишномаи таъсиси нирӯҳои вокуниши саръеи Паймони амнияти дастаҷамъиро имзо накардааст ва эҳтимол аст, ки кунад. Дар масъалаи низоми вижаи зиддибӯҳронҳо бошад ҳоло чизе гуфтан барвақт аст, ба фикрам ҳама чиз аз шарту вазифаҳои он вобаста хоҳад буд. Ин навбат ҳам, агар Ӯзбакистон нахоҳад ба ин нақшаҳо ҳамроҳ шавад, касе ҳайрон намешавад, чунки узвияти ин кишвар дар дигар иттиҳодҳои мисли Муштаракулманофеъ, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё АврОсиё нишон дод, ки Тошканд ҳамеша ба сари худ бозӣ кардааст. Мо бисёр дидем, ки Ӯзбакистон тасмимҳои дастаҷамъонаи дар чаҳорчӯби ин созмонҳо қабулшударо намепазирад. Ва агар ин дафъа ҳам Тошканд “не” гӯяду ҳамроҳ нашавад, касе ҳайрон намешавад. Фарз кардем, агар дар оинномаи ин низом гуфта шавад, ки онҳо ҳақи дар хоки давлатҳои узв роҳандозӣ кардани амалиёти низомиро доранд, ин чиз ба Ӯзбакистон хуш намеояд.

-Аслан то куҷо мешавад созмони паймони амнияти дастаҷамъиро ҷиддӣ қабул кард?


-Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар хотирҳо чун як созмони бесубот мондааст. Алорағми ин ки онро чун як иттиҳоди низомиву амниятӣ қабул мекунанд, мо мебинем, ки дар миёни кишварҳои узв ҳамеша ихтилофҳое вуҷуд дорад. Дар мисоли Ӯзбакистон, масалан раҳбари Беларус Лукашенко ҳам июни соли гузашта нахост нақши раҳбарии давраии ин созмонро дар ҷаласаи Маскав иҷро кунад. Вай аслан аз сафари Маскав даст кашида буд. Аз ҳамин хотир, хеле сахт аст, ки дар бораи ҳамоҳангиву якрангии кори ин созмон бигӯем, чунки ҳар тараф манфиатҳои худро дунбол мекунад. Аслан муқоиса кардани ин созмон бо НАТО хеле сахт аст ва ба фоидаи паймони амнияти дастаҷамъӣ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG