Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи ҳамла ба синагогаи Бишкек


Пулиси Бишкек дар робита ба ҳамла ба синагога, маъбади яҳудиёни пойтахти Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Пулис мегӯяд, як нафари ношинос рӯзи 9 сентябр ба ҳавлии синагога маводи мунфаҷира партофтааст. Бино ба хабарҳо, бар асари инфиҷор касе осеб надида, фақат бинои синагога каме тахриб шудааст. Феълан дар Қирғизистон тақрибан 1300 яҳудӣ ба сар мебарад, ки аксараш дар пойтахт, Бишкек иқомат доранд. Ҳамла ба синагогаи Бишкек дар ҳолест, ки ҷамъияти яҳудиёни Қирғизистон аз рӯзи чоршанбе ба таҷлили Рош Ҳашанаҳ, соли нави яҳудӣ шурӯъ кардаанд. Таҷлил аз ин ид то поёни шаби ҷумъа идома мекунад.
XS
SM
MD
LG