Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори маргбор дар Владикавкази Русия


Дар як бозори шаҳри Владикавказ, маркази Осетияи Шимолӣ таркиши қавие ба вуқӯъ пайвастааст, ки бар асари он дасти кам 14 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин амалро як бомбгузори интиҳорӣ анҷом додааст.

Зоҳиран мошини бомбгузоришудае дар даромадгоҳи бозор мунфаҷир шудааст. Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳодиса нашр накардаанд.
Раиси ҷумҳури Осетияи Шимолӣ мегӯяд, инфиҷори маргбори мазкур дар шаҳри Владикавказро як бомбгузори интиҳорӣ анҷом додааст. Таймураз Мамсуров гуфт, бар асари таркиш дар бозори марказии Владикавказ дасти кам 8 нафар ҳалок ва бештар аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Таймураз Мамсуров, ки аз маҳалли ҳодиса боздид кард, гуфт, эҳтимолан теъдоди қурбониён хоҳад афзуд, зеро вазъи чанд нафар захмӣ бисёр вазнин аст. Дар гузоришҳои пештар гуфта мешуд, ки мошини бомбгузоришуда дар даромадгоҳи бозор мунфаҷир шудааст. Бозори мазкур дар шаҳри Владикавказ чандин маротиба дар солҳои гузашта мавриди ҳамла қарор гирифт ва даҳҳо нафар ҳам дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд. Хушунат дар Осетияи ҷанубӣ назар ба дигар кишварҳои қафзоқии Русия ба мисли Чеченистон ва Доғистон камтар будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG