Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Карзай мегӯяд, аз "Кобулбонк" фоида дидааст


Бародари раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, мегӯяд, вай аз тиҷорати як вилла дар минтақаи гаронқимати Дубай бо истифода аз воми "Кобулбонк" ба камияш 800 000 доллар фоида дидааст. Маҳмуд Карзай ба хабаргузории Ассоишейтед Пресс гуфтааст, вай дар соли 2007 дар Палм Ҷумейраи Дубай хонае харид, то ҳаққи иқомат дар Дубайро пайдо кунад ва дертар онро фурӯхт. Маҳмуд Карзай савумин саҳҳоми "Кобулбонк" аст. Ин бонк бар асари хабарҳои тиҷорати нобарори манзил дар Дубай дар ҳафтаи гузашта бо варшикастагӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG