Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Интихобот метавонад лағв шавад


Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева гуфт, ки агар сиёсатмадорон интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябрро бо ҳадафи доман задани танишҳо сӯъиистифода кунанд, ин маърака метавонад лағв шавад. Хонум Отунбоева, ки дар як ҳамоиши сиёсӣ дар Бишкек сӯҳбат мекард, гуфт, агар ваҳдати кишвар зери суол биояд, ӯ метавонад вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда, раъйгириро лағв кунад. Аммо ӯ афзуд, тамоми талошро ба харҷ хоҳанд дод, ки интихобот барпо шавад: “Ҳукумат бо масъулияти бузурге ба ин интихобот омодагӣ мегирад ва мо тамоми корро хоҳем кард, ки интихобот кушоду шаффоф ва одилона доир шавад.”
Дар моҳи июн бар асари даргириҳои қавмӣ байни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон ҳудуди 400 нафар кушта ва ҳазорон нафар беҷо шуданд. Вале ду ҳафта баъд аз он беназмиҳо Қирғизистон тавассути як райъпурсии саросарӣ тарҳи нави Қонуни асосиашро тасвиб кард, ки ин кишварро ба нахустин ҷумҳурии парлумонӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.
XS
SM
MD
LG