Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба назархоҳии умумӣ дар Туркия


Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз шаҳрвандони кишвараш хост, дар назархоҳии умумии рӯзи якшанбе ба пуштибонӣ аз тағйиру иловаҳо ба қонуни асосӣ раъй диҳанд. Вай гуфт, "туркҳо бояд озодона ва бе фишору таҳдид" назари хешро баён доранд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳизби курдгарои Сулҳ ва Демократия назарсанҷии 12-уми сентябро бойкот кардааст. Ҳукумат мегӯяд, тағйирот ба қонуни асосӣ демократияро тақвият хоҳад дод, аммо мунаққидон ҳарос доранд, ки бо ин роҳ ҳукумати исломгаро назораташро бар низоми дунявии додгоҳ устувор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG