Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти волидайни қотили фарзанди хеш дар Маскав


Ниҳодҳои умури дохилии ноҳияи Бутовои Ҷанубии шаҳри Маскав як зану марди ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми қатли кӯдаки навзод боздошт карданд. Ҳуқуқшиноси созмони "Муҳоҷират ва қонун" дар Маскав ба хабаргузории "Росбалт" гуфтааст, ҷасади кӯдак дар қуттии партовҳо кашф шуд ва субҳи он рӯз падару модари кӯмаки мақтул боздошт гаштанд. Гумон меравад, онҳо аввал тифлро нафасгардон карда, куштаанд ва сипас ба қутти партов андохтаанд. Ҳамроҳи ин ҷуфти ҷавон, ки зану шавҳар буданашон маълум нашудааст, чанд нафаре аз ҳамхонаҳои онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон низ боздошт шудаанд. Онҳо дар нақзи қоидаҳои иқомат айбдор шуда, ба зудӣ аз Русия ихроҷ хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG