Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рунӣ бо вуҷуди овозаҳо дар дастаи миллӣ боқӣ мондааст


Бо вуҷуди хабарҳои зиёд аз моҷарои иттиҳоми шаҳвонӣ, ҳамлавари дастаи Инглистон Вейн Рунӣ ҳамроҳи ин даста барои ширкат дар бозии роҳхатгирӣ ба сабқати қаҳрамонии Аврупо ба Швейтсария сафар хоҳад кард. Хабаргузориҳо аз омодагии ӯ ба сафар ва тамринҳояш дар ҳайати даста иттилоъ додаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзномаҳои моҷарҷӯ навиштанд, бозигари машҳури "Манчестер Юнайтед" соли гузашта, дар ҳоле ки ҳамсараш обистан буд, борҳо бо фоҳишаҳо робитаҳои ҷинсӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG