Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Толибон дар мавриди интихоботи 18 сентябр


Толибон имрӯз мардуми Афғонистонро аз ширкат дар интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр ҳушдор дода, таҳдид карданд, ки дар рӯзи интихобот қитъаҳои раъйдиҳиро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар як сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки ин интихобот “ба фоидаи хориҷиёнест, ки мехоҳанд бо баргузории чунин маърака ҳузури худро дар Афғонистон таҳким бубахшанд.” Мақомоти интихоботӣ барнома доранд, 5897 қитъаи раъйдиҳӣ боз кунанд. Вале беш аз 900 қитъа ба далели нигарониҳои амниятӣ баста боқӣ мемонад. Барои 249 курсии маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон дар интихоботи рӯзи 18 сентябр беш аз 2500 номзад вориди мубориза хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG