Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯъи дигарбораи муштариёни "Кобулбонк"


Муштариёни “Кобулбонк” – бузургтарин бонки Афғонистон ба хотири пас кашидани пулҳои худ дигарбора дар Кобул гирди ҳам омаданд. Тадобири амниятӣ дар дафтари марказии “Кобулбонк” тақвият ёфта, дар муқобили издиҳом ҳатто зиреҳпӯшҳоро гузоштаанд. Бисёри муштариён мегӯянд, эътимодро ба ин бонк гум кардаанд. Вале бархеи дигар аз зарурати худ ба пули нақд дар арафаи иди Рамазон сӯҳбат мекунанд.
Нашрияҳои амрикоии “New York Times” ва “Wall Street Journal” дар ин ҳафта раҳбарони “Кобулбонк”-ро ба фасод ва ришвадиҳӣ айбдор карданд. Раиси Бонки марказии Афғонистон Абдулқодири Фитрат аммо ба дунбол муштариёни “Кобулбонк”-ро дигарбора итминони хотир дод, ки пасандози онҳо дар ин бонк ҳифз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG