Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Ғаза


Ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил болои манотиқи ҷануби навори Ғаза, аз ҷумла алайҳи нақбҳои қочоқии воқеъ дар ҳошияи марзи Миср, бино ба хабарҳо, мунҷар ба ҷароҳат бардоштани дастикам 2 нафар шудааст.
Дирӯз қаблан ҷангиёни марбут ба гурӯҳи Ҳамос, ки назорати навори Ғазаро дар даст дорад, дар бораи партоби мушаки худсохте ба сӯи Исроил хабар доданд. Касе дар натиҷаи ин ҳамла осеб надидааст.
Ин нахустин мавориди хушунат дар ин марз дар пайи мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Вошингтон ба хотири азсаргирии музокироти сулҳи Ховари Миёна буд.
XS
SM
MD
LG