Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон


Генерал Петреус бо ба даст гирифтани фармондеҳии қувваҳои Амрико дар Афғонистон, аслиҳаро ба кор мебарад, ки то ҳол дар мавриди он сӯҳбат нашуда буд. Ин аслиҳа, амалиёти қувваҳои хоси Амрико мебошад, ки бар аҳдофи муъайани Толибон ҳуҷум мебаранд ва зарбаи ҷиддӣ ба мухолифин ворид мекунанд.

Ба навиштаи хабаргузории Асошиатед Пресс, генерал Петреоус баракси фармондеҳони собиқи Амрико дар Афғонистон, арқомеро дар мавриди амалиёти қувваҳои хос ба хабарнигорон ироя кард, ки дар зарфи 90 рӯзи гузашта 235 тан аз афроди мухолифин дар амалиёти вижа кушта ва 1673 нафари дигар онҳо дастгир шудаанд.

Фишор алайҳи Толибон бештар мешавад

Бо эълони ин арқом, ба назари таҳлилгарон генерал Петреус мехоҳад ба мардуми Амрико нишон бидиҳад, ки агар қувваҳои Амрико дар Афғонистон талафот медиҳад, тарафи муқобил ҳам бе талафот нест, балки заработи ворида бар онҳо шадидтар мешавад.

Генерал Петреус рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки дар 24 соати гузашта қувваҳои вижа, ҳашт маъмурияти ҷудогонаи низомиро бар аҳдофи мушаххаси мухолифин анҷом дода ва се нафарро, ки ба дунболи онҳо буданд дастгир кардаанд.

Маъмуриятҳои низомии хоси қувваҳои Амрико акнун дар Афғонистон ба авҷи худ расида ва аз моҳи май то моҳи август, тақрибан 4 ҳазор маъмурияти ҷудогонаи низомиро анҷом додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиатед Пресс, генерал Петреоус мехоҳад назари мардум ва конгреси Амрикоро, ки рӯз ба рӯз дар мавриди ҷанги Афғонистон хастагии бештар нишон медиҳанд тағйир бидиҳад ва ба онҳо возеҳ созад, ки дар ҷанги Афғонистон пирӯзӣ ҳосил шудааст.

Нохушнудии афғонҳо

Аммо дар ҳоле, ки генерали амрикоӣ ва баъзе аз мақомоти Амрико аз анҷоми амалиётҳои хос бар аҳдофи мушаххас истиқбол мекунанд, ин амал аз сӯи мардум ва ҳукумати Афғонистон ба шумули раиси ҷумҳур Карзай мавриди танқид қарор мегирад.

Зеро ба гуфтаи онҳо, маъмуриятҳои шабона ва дохил шудан бидуни иҷоза дар торикӣ ба ҳарими хонаҳои мардум, помол кардани арзишҳои иҷтимоъӣ ва миллии Афғонистон ба шумор меравад ва норозигиро дар байни мардум бештар месозад.

Дар зарфи як ҳафтаи гузашта, 28 сарбози амрикоӣ кушта шудааст, ки бар байни мардуми Амрико ҳаяҷонро бештар сохта аст ва нашри маълумотҳои ҷадид тавассути генерал Петреус то ҳаде ин ҳаяҷонро хомӯш месозад.

Барои оромии хотири мардум ва ҳукумати Афғонистон, мақомоти низомии Амрико мегӯянд, ки дар ин амалиётҳо ба қадри имкон ба ҳаёти мардуми мулкӣ ва арзишҳои иҷтимоъии мардум эҳтиром мешавад ва дар баъзе аз ин амалиётҳои низомиёни амрикоӣ, урдуи Афғонистон ҳам саҳм мегирад.

Парокандагӣ дар суфуфи Толибон

Ба гуфтаи як мақоми низомии Амрико, дар зарфи 12 моҳи гузашта то поёни моҳи август, 1225 маъмурияти низомии қувваҳои вижа анҷом шуд, ки дар 971-и он ҳатто як тир ҳам шиллик нашуда ва ҳадаф бидуни муқовимат таслим гардидааст. Ба гуфтаи ин мақоми Амрико, дар ҳар як амалиёти хос, ҳадди ақал 10 сарбози қувваҳои хоси Афғонистон ҳам саҳм мегиранд.

Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ин амалиёт дар суфуфи Толибон ҳам дарз эҷод кардааст, зеро шуморе аз афроди мусаллаҳи Толибон, ки дар Афғонистон мавриди ҳамла қарор мегиранд бар раҳбарони худ эътироз мекунанд, ки дар пойгоҳҳои бехавф дар Кувейта ва ё
Вазиристон нишаста ва аз онҷо афроди суфуфи дуввумро ба домани марг мефиристанд.

Аммо бо васфи ин ҳама, мақомоти баландрутбаи амрикоӣ мегӯянд, ки қувваҳои вижа то кунун натавонистаанд ҳаракати сартосарии Толибонро мутаваққиф созанд. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе минтақаҳо пешрафт вуҷуд дорад, вале дар ҷойҳои дигар кори бештар ниёз аст
XS
SM
MD
LG