Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Доғистон ронандаи вазир кушта шудааст


Таркиши бомб мунҷар ба ҳалокати ронандаи вазири умури хориҷиву динӣ ва миллии ҷумҳурии Доғистони Русия ва захмӣ шудани худи Бекмирзо Бекмирзоев ва ду муҳофизи ӯ шудааст. Ҳарсеро дар ҳоли шок ба бемористон бурдаанд.
Муфаттишон мегӯянд, ҳамлагарони ношинос ин бомбро дар зери дар мошини вазир гузошта буданд.
Ҷумҳурии умдатан мусалмоннишин ва гуногунқавми Доғистон дар ин авохир ба далели фаъол шудани гурӯҳҳои исломӣ ва ҷиноӣ ба яке аз ошӯбзадатарин ҷамоҳири минтақаи Қафқози шимолии Русия табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG