Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон фурсатро барои сулҳи Ховари Миёна танг хонд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз исроилиҳову фаластиниҳо даъват кард, мониаҳои мавҷуд дар роҳи сулҳро паси сар кунанд ва аз музокироти ҷадид, ки ба бовари ӯ, “охирин фурсат дар як муддати хеле тӯлонист”, ба манзури расидан ба қарордоди сулҳ истифода баранд. Хонум Клинтон, ки як рӯз баъд аз нахустин музокироти мустақими ду ҷониб дар 20 моҳи охир сӯҳбат мекард, идеоложии радд кардани сулҳ дар Ховари Миёна, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешавад, ва пойбандӣ ба хушунатро, ки мухолифони сулҳ ба он гароидаанд, омилҳое номид, ки танг будани фурсат барои расидан ба сулҳи минтақаро намоиш медиҳад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон тааҳҳуд супурданд, ки ҷиҳати расидан ба сулҳ то як соли дигар талош ба харҷ хоҳанд дод. Аммо рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод музокироти сулҳ байни исроилиҳову фаластиниҳоро “тифли мурда” ва “шикастхӯрда” номид.
XS
SM
MD
LG