Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои интихоботи Қирғизистон


Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон эълон кард, ки баъди баррасии асноди пешниҳодкардаи бистунуҳ ҳизби сиёсӣ, номзадҳои панҷ ҳизб сабти ном гардид.

Ба ин шумор ҳизбҳои «Ата Мекен», «Ақ Шумқор», «Ору номус», «Ата Журт» ва «Биримдик Қирғизистон» шомил шудаанд.

Баъзе аҳзоби ширкаткунанда маълум шуданд


Оқилбек Сариев, раиси комиссияи марказии интихобот мегӯяд, ба манзури он, ки маъракаи сабти номи номзадҳои пешбарикардаи аҳзоби сиёсӣ дар чаҳорчӯби Кодекс дар бораи интихоботи кишвараш сурат гирад, аъзои комиссияи марказии интихобот дар мавриди қабули ҳуҷҷатҳои ин аҳзоб ва сабти номи онҳо шитобкорӣ намекунанд.

Вай таъкид кард намехоҳад, ки комиссияи марказии интихобот дар фароҳам овардани имтиёз барои яке аз ин аҳзоб муттаҳам шавад.

Оқилбек Сариев дар зимн тазаккур дод, ки маъракаи сабти номи нозирони байналмилалӣ ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ аз 10 сентябр шурӯъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, мақоми нозирони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи парлумониро назорат хоҳанд кард, бо қонун асоснок карда нашудааст.

Бояд гуфт, ки дар аввали феҳрасти аҳзоби номзадҳояшон сабтиномшуда номи пешвоёни ин аҳзоб сабт шудааст.

Аз ҷумла, аввали феҳрасти ҳизби «Ору номус»-ро ҳамраиси он Феликс Қулов, собиқ вазири молия Оқилбек Ҷабборов, собиқ раиси ҳукумати вилояти Ӯш Анвар Ортиқов, ҳизби «Ақ Шумқор»-ро раиси он Темир Сариев ва Абдуғанӣ Эркабоев, феҳристи ҳизби «Ота Мекен»-ро пешвоёни он Омурбек Текебоев ва Болот Шер, ҳизби «Бутун Қирғизистон»-ро собиқ дабири Шӯрои амният Мирослав Ниёзов, ҳизби «Ата журт»-ро собиқ вазири вазъи изтирорӣ Қамчибек Ташиев ва собиқ шаҳрдори Бишкек Наримон Тулеев ишғол кардаанд.

Намояндаи тоҷикон дар рӯйхати ҳизбӣ

Равшанбек Собиров, раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳизби «Ата Мекен» сабти ном шудааст. Вай дар феҳраст дар ҷои ҳаждаҳум қарор дорад.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, тайи бист соли ахир тоҷиктаборони кишвараш дар парлумон ягон вакил надоштанд то аз манфиатҳои онҳо ҳимоят кунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар сурати баранда гаштани ҳизби «Ата Мекен» ва ба даст овардани ҷойҳои бештар, Равшанбек Собиров яке аз курсиҳои парлумони кишварашро ишғол хоҳад кард.

Маъракаҳои таблиғи барномаҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсӣ рӯзи10-уми сентябр шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG