Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУДТ: "Дар таркиши Хуҷанд касе ҳалок нашудааст"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, таркиши субҳи ҷумъа дар қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар Хуҷанд, ки дастикам 25 корманди милисаро захмӣ ба ҷо гузошт, ҳамлаи маргталабона буд. Мақомот аз ҷои ҳодиса пораҳои мошини ГАЗ-24 ва бозмондаҳои ҷасади ҳамлагари интиҳориро пайдо кардаанд.Табибони бемористони Хуҷанд дар бораи ҳалокати 2 тан аз маҷрӯҳон хабар доданд, вале мақомоти вазорати умури дохила ҳалокати афрод, ба ҷуз аз бомбгузорро бар асари ҳамлаи Хуҷанд радд мекунанд.
Муҳаммадҷон Назриев, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон(ВУДТ) гуфт, ҳадафи ҳамла ғолибан раҳо кардани 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов буд. Ҷасади Ҳомидҷон Каримов рӯзи 30 август кашф шуд. Афроди гумонбар дар қатли ӯ марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG