Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як инфиҷор дар чоҳи нафт дар халиҷи Мексика


Бар асари инфиҷор дар чоҳи нафти ширкати Mariner Energy, воқеъ дар 130 километрии соҳилҳои аёлати Луизианаи ИМА, дар халиҷи Мексика доғи нафтӣ пайдо шуд. Инфиҷор боиси сӯхтор шуд, ки дар амалиёти фурӯ нишондани он чархболҳо ва ҳавопаймоҳои Хадамоти ҳифозати соҳили Амрико ширкат мекунанд. Ҳангоми таркиш дар чоҳи нафт 13 нафар кор мекарданд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд, як нафар аз коргарон ҷароҳат бардоштааст.
Моҳи апрел таркиш дар чоҳи нафти ширкати British Petroleum мунҷар ба ҳалокати 11 нафар ва фоҷиаи бузурги муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика шуда буд.
XS
SM
MD
LG