Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ: Ҳамла дар Лоҳур бидуни посух намемонад


Бар пояи иттилоъи расмӣ, бар асари ҳамла ба ширкатдорони маросими мазҳабии шиаҳо дар шаҳри Лоҳури Покистон 25 нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ҳамла мунҷар бар ҳалокати 18 нафар ва захм бардоштани сад кас гардидааст. Полис иттилоъ дод, ки се маргталаб худро дар издиҳоми шиамазҳабҳо тарконидаанд. Дар ин маросим тақрибан 35 ҳазор нафар ширкат доштанд.
Баъд аз инфиҷорҳои маргталабона ширкатдорони маросим қаҳру ғазаби худро дар сари мақомоти ҳифзи тартибот рехтанд – онҳо ба қароргоҳи полис ҳамла карда, ду мошин ва чанд мотосиклро оташ заданд.
Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, ҳамла ба маросими мазҳабиро маҳкум кард ва ваъда дод, ки созмондиҳандагони он боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд. Бархе аз коршиносони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки ҳамла дар Лоҳур аз сӯи гурӯҳи суннимазҳаб ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG