Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафед раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро ба хузур пазируфт. Аббос ва Нетаняҳу ба хотири аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна бо даъвати Обама вориди Вошингтон шуданд.
Барак Обама бо Маҳмуд Аббос ва Бенямин Нетаняҳу мулоқотҳои ҷудогона анҷом дод. Дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Исроил ӯ гуфт, ки бо Нетаняху роҳҳои истиқрори сулҳ дар минтақаро баҳсу баррасӣ кардаанд. Обама ҳамлаи ахир дар шаҳри Ҳибронро, ки бар асари он чаҳор яҳудӣ кушта шуданд, маҳкум намуда гуфт: “Ба Ҳамос ва дигарон, ки ин ҷинояти зиштро содир кардаанд, бояд паёми возеҳ дода шавад, ки ин ҷиноят алоқамандии моро на фақат барои таъмини амнияти Исроил, балки барои тазмини истиқрори сулҳи дарозмудат коҳиш нахохад дод.”
Ин нахустин музокироти мустақими исроилихо ва фаластиниҳо дар тӯли тақрибан ду соли охир аст ва қарор аст, ки ду рӯз идома кунад.