Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба бунёди лӯлаи гази Давлатобод-Фозилка


Ҳайатҳои Туркманистону Афғонистон изҳор намуданд, ки чун пештара хостори бунёди лӯлаи интиқоли газ то ба Покистону Ҳиндустонанд. Дар як созише, ки шоми сешанбе дар Кобул имзо шуд, ба зарурати ҳарчӣ зудтар ҳамоҳанг кардани ҷузъиёти калидии бунёди лӯлаи газ аз сӯи кишварҳои ширкаткунандаи тарҳ таъкид шудааст. Ин лӯлаи интиқоли газ аз кони гази Давлатободи Туркманистон ибтидо гирифта, тавассути хоки Афғонистон ва Покистон то минтақаи Фозилкаи Ҳиндустон тӯл мекашад.
XS
SM
MD
LG