Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ поёни набарди ИМА-ро оғози истиқлоли Ироқ номид


Сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ мегӯяд, бо поёни амалиёти ҷангии Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар, Ироқ соҳиби истиқлолияти хеш гардид. Дар паёми телевизионияш имрӯз Моликӣ гуфт, нерӯҳои амнияти Ироқ қодиранд, масъулияти амният дар кишварро бар дӯши худ бигиранд. Президенти Амрико, Барак Обама, низ шоми имрӯз дар як паёми телевизионӣ аз дафтари кориаш дар Кохи Сафед аз поёни амалиёти ҷангӣ дар Ироқ, нақши ояндаи Амрико дар ин кишвар ва тағйири тамаркузи Иёлоти Муттаҳида ба ҷанги зидди ситезаҷӯёни толиб дар Афғонистон хабар хоҳад дод. Обама, ки ба ишғоли Ироқ дар моҳи марти соли 2003 мухолиф буд, дар маъаракаи пешазинтихоботияш дар соли 2008 ваъда дода буд, ки ҷанг дар Ироқро хотима хоҳад дод. Бо вуҷуди фарҷоми расмии амалиёти ҳарбӣ, 50 000 сарбози ҷиддан мусаллаҳи амрикоӣ дар Ироқ боқӣ мемонанд, то сарбозони ироқиро тамрин диҳанд ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо кӯмак расонанд.
XS
SM
MD
LG