Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 4 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


НАТО мегӯяд, чаҳор сарбози Иёлоти Муттаҳида дар як ҳамлаи бомбгузории сабки Толибон дар Афғонистон кушта шудаанд. Ба ин тартиб аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ 21 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Хабаргузории Франс Пресс, ки шумориши талафотро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ба шумули қурбониёни имрӯза теъдоди сарбозони хориҷӣ, ки аз аввали сол то ҳоло дар Афғонистон кушта шудаанд, ба 484 нафар расид. Ҳоло он ки дар тамоми тӯли соли 2009 дар Афғонистон 521 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG