Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон Иди истиқлолияташро таҷлил кард


Қирғизистон 31-уми август рӯзи истиқлолияташро таҷлил кард. Маросими идона дар майдони марказии Ала-Тоои шаҳри Бишкек баргузор шуд.Президент Роза Отунбоева дар ин маросим гуфт, ки мардуми кишвараш Иди истиқлолро дар замони мушкил ва сарнавиштсоз таҷлил мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, 7-уми апрели соли равон, 86 ҷавонмарди қирғиз ба хотири аз байн бурдани ҳукумати худкома ва озодии мардум ҷони худро аз даст доданд.

Лаҳзаҳои сарнавиштсоз

Роза Отунбоева мегӯяд, соли 2010 барои мардуми қирғиз соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро аз зери суол қарор гирифтани ҳастии кишвар ва якпорчагии он ҷилавгирӣ шуд.

Ба таъкиди президенти Қирғизистон дар ҳоле, ки дар ҳодисаҳои Ӯши кишвараш садҳо нафар ба ҳалокат расиданд, вале ба ин ҳодисаҳо ҷанбаи низои байниқавмӣ додан кори хатост. Вай гуфт, ин ҳодисаҳо кори дасти касоне буд, ки ба ягон миллат мансуб донистани онҳо низ қобили қабул нест.

Президент Отунбоева тазаккур дод, яке аз боигариҳои асосии кишвараш мардум ва сулҳу субот ва тавофуқи байни ин мардум мебошад. Ба гуфтаи Роза Отунбоева, миллатгароӣ аллакай ҷиноят аст, аммо як қавмро аз ҳам ҷудо кардан ҷинояти ҳазорҳо бор вазнинтар мебошад.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева кишвари ӯ дар рӯёрӯи як ҳодисаи муҳими сиёсӣ қарор дорад.

Раҳбари давлати Қирғизистон гуфт, ки дар интихоботи 10-уми октябр барои ишғоли курсиҳои парлумон даҳҳо аҳзоби сиёсӣ ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Роза Отунбоева ин аҳзоби сиёсӣ бояд аз тариқи барномаи мушаххаси худ мубориза баранд.

Мухолифон аз баргузории инихоботи шаффоф шак доранд

Бар асоси суханони мақоми аввали Бишкек, Қирғизистон нахустин шуда давлати парлумониро дар минтақа таъсис додааст, ки ба таҳкими арзишҳои демократӣ мусоъидат хоҳад намуд.

Дар ҳоле, ки Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, аз баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ва таъсиси давлати парлумонӣ аз тариқи интихобот ҳарф мезад, Чолпон Ҷакупова, мудири созмони ҳуқуқи башари «Адолат», мақараш дар Бишкек, гуфт, ки дар Қирғизистон як фазои беназми сиёсиву ҳуқуқӣ ҳукмфармост.

Ба гуфтаи Чолпон Ҷакупова, дар чунин шароит ҳарф задан дар бораи тозаву шаффоф гузаштани интихоботи парлумонӣ хандаовар аст.

Вай афзуд, вақте ки дар дасти мардум ҳанӯз силоҳи зиёд боқӣ мондааст ва раҳбарони аҳзобро силоҳбадастон иҳота кардаанд, сулҳ пойдор нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG