Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Мулоқоти Ҳу Ҷинтао ва Ким Чен Ир дар Чангчун

Матбуоти Чину Кореяи шимолӣ хабари мулоқоти раҳбарони ин ду кишвар Ҳу Ҷинтао ва Ким Чен Ир дар шаҳри Чангчун, дар шимолушарқи Чинро тасдиқ кард. Тасдиқи расмии ин хабар имрӯз фақат баъд аз бозгашти Ким Чен Ир ба Кореяи шимолӣ расид. Матбуоти Чин мегӯяд, Ким Чен Ир дар ин мулоқот пойбандиаш ба пок кардани нимқораи Корея аз тасҳлиҳоти ҳастаиро баён ва хостори зудтар аз сар гирифтани музокироти шашгона бар сари барномаҳои ҳастаии Пхенян шудааст.
Аммо хабарҳо дар бораи Ким Чен Ирро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардани писари ҷавонаш Ким Чен Ун ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Ким Чен Ун вориси эҳтимолии тахти Кореяи шимолӣ арзёбӣ мешавад. То ба қудрат расидани Ким Чен Ир раҳбарии Кореяи шимолиро Ким Ир Сен бар ӯҳда дошт. Дар маҷмӯъ, беш аз 60 сол аст, ки зимоми қудрат дар ин давлати коммунистӣ дар дасти ҳамин сулола қарор дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Русия се тоҷикистониро бо иттиҳоми маблағгузории терроризм зиндонӣ кард

Яке аз зиндонҳои Русия
Яке аз зиндонҳои Русия

Як додгоҳи ҳарбӣ дар Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро дар маблағгузории фаъолияти террористӣ гунаҳгор донистааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи дуюми ҳавзавии ҳарбӣ дар шаҳри Чита рӯзи 9-уми июн хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Қиёмиддин Исмонов, Шамсуллоҳ Давлатбеков ва Султонхӯҷа Каримов “барои кӯмакрасонӣ ба созмони дар Русия мамнӯи байналмилалӣ ёрӣ расонидаанд”. Маълум нест манзур кадом созмон аст.

Дар хабари додгоҳ мавқеи маҳкумшудаҳо ба ин иттиҳом нашр намешавад.

Дар хабарнома омадааст, ки ин нафарон тарафдори ақидҳои ифротии исломӣ буда пайваста маблағ ҷамъоварӣ ва ба кортҳои бонкии аъзои созмони террористӣ интиқол медоданд. “Каримов дар мукотиба бо нафаре, ки номаш маълум нашуд, дар бораи махфигоҳе бо маводи тарканда маълумот дарёфт намуд ва баъдан онро берун оварда дар хонааш нигаҳ медошт”,-навиштааст додгоҳ. Бо қарори додгоҳ, Исмонов ва Давлатбеков ба 8-солӣ зиндон ва Каримов ба 9 соли ҳабсу 300 ҳазор рубл ҷарима маҳкум гардид.

Ҷузъиёти дигари вобаста ба парванда маълум нест, аз ҷумла ин ки маҳкумшудаҳо кӣ ҳастанд, то куҷо воқеан ҳам иттиҳоми зидди онҳо асос дорад, то куҷо мурофиа одилона ва бо риояи ҳуқуқи маҳкумшудаҳо гузаштааст. Шубҳа ба адолати додгоҳӣ дар Русия ба вижа дар нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қишри ҳимоятнашуда ва осебпазир дар баробари низоми муҳоҷирбадбини ин кишвар дониста мешаванд, солҳои охир хеле зиёд садо медиҳад.

навшуда

Фоҷиа дар Рӯзи иди Қурбон. 3 кӯдак дар сӯхтор ҳалок шуданд

Корбарон гуфтанд, ду хона пурра сӯхтаанд
Корбарон гуфтанд, ду хона пурра сӯхтаанд

Дар пайи сӯхтани манзил дар шаҳри Ваҳдат, 3 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 6-уми июн дар деҳаи Ҷангалобод рух додааст. Дар ин рӯз сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд.

Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар пайи оташ гирифтани сими нерӯдиҳандаи телефон сар задааст.

"Нерӯдиҳандаи телефон ба барқ пайваст будааст ва оташ мегирад. Баъдан оташ ба курпача мепечад. Кӯдакон аз дуди курпача нафасгир шуда, ба ҳалокат расидаанд,"-афзуд ин масъули идораи ҳолатҳои фавқулода.

Ду сокини деҳаи Ҷангалобод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби сӯхтор на нерӯдиҳандаи телефон, балки истифодаи нодурусти шамъ буд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, як рӯз пеш аз ҳодиса дар деҳа барқ набуд ва волидайни се кӯдаки фавтида дар хона шамъ рӯшан карда буданд.

"Гуфтанд, ки трансфарматор вайрон аст. Ин фоҷиа ба сабаби фориғболии мақомдорони маҳаллӣ рух дод. Ба мушкилоти мардум сари вақт расидагӣ намекунанд,"-гуфт як сокини Ҷангалобод ба Радиои Озодӣ.

Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, кӯдакони фавтида 5, 8 ва 10 сола буданд. Муаллифи навор мегӯяд, ду хона пурра сӯхтаанд. Маълум нест, ки дар вақти сӯхтор волидайни кӯдакони фавтида куҷо буданд.

Ҷузъиёти бештари ҳодиса дастрас нест. Мақомот гуфтанд, идораи сӯхторнишонӣ воқеаро таҳқиқ дорад.

Ин бори аввал нест, ки наврасон дар сӯхтор ҷон медиҳанд. Моҳи марти соли 2024 дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расида буд.

Ширкати 1,5 миллион нафар дар маросими ҳаҷ

Маросими ҳаҷҷи соли 2025
Маросими ҳаҷҷи соли 2025

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки имсол 1,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ ҳаҷҷи фарзиро адо кардаанд. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор кас ба зиёрати Маккаву Мадина рафта буданд.

Бо назардошти фавти зойирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадобири амниятиро сахтар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад.

Соли 2024 ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51 дараҷаӣ бештар аз 1300 зойир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд. Мақомот гуфтанд, ки барои такрор нашудани ин ҳолат тадобири амниятиро тақвият бахшидаанд, аз ҷумла зиёрати ҳаҷ барои кӯдакони то 12-соларо манъ карда шуд.

Ҳаҷ яке аз панҷ фаризаи дини Ислом аст, вале на ҳамаи мусулмонон имкони молии анҷоми онро доранд.

Дар Тоҷикистон даҳҳо тонна маҳсулоти бесифат ошкор шудааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии "Тоҷикстандарт", ки роҳбараш бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ошкор шудани 191 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар чор моҳи аввали имсол аз ҳама бештар маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшоба ва ҳатто намаки бесифатро маълум кардаанд.

Аммо Оҷонсӣ нагуфтааст, ки кадом гуруҳи тоҷирон ин маҳсулоти бесифатро ба Тоҷикистон овардаанд ё ба савдо гузоштаанд.

Оҷонсии "Тоҷикстандарт"-ро аз моҳи майи имсол Исломиддин Раҳмони 41-сола, бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ӯ пештар роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Данғара буд.

Бо вуҷуди фаъолияти ниҳодҳое ба мисли Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва "Тоҷикстандарт", ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат масъул ҳастанд, танқидҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ ва зараровар дар бозорҳои кишвар пайваста садо медиҳанд.

Украина вуруди низомиёни русро ба Днепропетровск рад кард

Фармондеҳии артиши Украина изҳороти Вазорати дифои Русия дар бораи ҳамла ба вилояти Днепропетровскро рад кард.

Андрей Ковалев, намояндаи маркази фармондеҳии артиши Украина ба рӯзномаи "Украинская правда" гуфтааст, "ин маълумот воқеият надорад. Ҷанг дар вилояти Донетск идома дорад. Душман ба вилояти Днепропетровск ворид нашудааст."

Мақомоти Украина мегӯянд, артиши Русия аз қасдаш барои ворид шудан ба вилояти Днепропетровск даст накашидааст, аммо артиши Украина далерона ҷангида, "нақшаҳои ишғолгаронро барбод медиҳад".

Пештар Вазорати дифои Русия иддао кард, ки неруҳои ин кишвар ба қисмати ғарбии вилояти Донетск расида ва ҳуҷуми худро ба вилояти Днепропетровск давом медиҳанд.

Рӯзи 20-уми май телеграм-каналҳои наздик ба артиши Русия хабар паҳн карданд, ки неруҳои русӣ ба марзи вилояти Днепропетровск расидаанд. Онҳо акси се низомии русро нашр карданд, ки дар марзи вилоятҳои Донетск ва Днепропетровск бо парчами Русия аксбардорӣ шудаанд.

Аммо волии вилояти Днепропетровск ин хабарро "фейк" номид.

Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар Русия

Шаби 7 ба 8-уми июн паҳпод ё бесарнишинҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар вилояти Тулаи Русия ҳамла кардаанд. Дар ин бора телеграм-каналҳои русӣ хабар додаанд.

Дмитрий Миляев, волии вилояти Тула ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, баъди ҳамла дар корхона сӯхтор сар задааст.

Миляев аз захмӣ шудани ду нафар хабар додааст.

Корхонаи "Азот" ба тавлиди нурии минералии селитра машғул аст, ки метавонад дар сохтани маводи тарканда истифода шавад.

Давоми ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки ба корхонаи "Азот" ҳамла мекунанд. Рӯзи 24-уми май ҳам "Азот" мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки шаби гузашта низоми дифои ин кишвар 61 паҳподи украиниро нобуд кардааст. Ба гузориши ин ниҳод, бесарнишинҳо бар фарози вилоятҳои Брянск, Белгород, Калуга, Тула ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим сарнагун шудаанд.

Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес. Трамп 2 ҳазор сарбоз мефиристад

Дар пайи эътирозҳо дар Лос-Анҷелеси Амрико, маъмурияти Доналд Трамп эълон кард, ки 2 ҳазор сарбози Гвардияи миллиро ба ин шаҳр мефиристад. Се рӯзи ахир эътирозҳо ба амалкарди кормандони федеролии Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) дар Лос-Анҷелес идома доранд. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.

Бархӯрди кормандони Хадамоти муҳоҷират бо садҳо муътариз дар ноҳияи Парамаунт, дар ҷанубу шарқӣ Лос-Анҷелес рух дод. Баъзе муътаризон дар даст парчами Мексика доштанд. Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса пахш шуд, афсарони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук бо либосҳои сабз ва ниқобҳои зиддигазӣ дида мешаванд

Эътирози дуввум бегоҳи 7-уми июн дар маркази шаҳри Лос-Анҷелес рух дод ва дар он қариб 60 кас ширкат дошт. Онҳо шиор медоданд, ки "Хадамоти муҳоҷират ва гумрук аз Лос-Анҷелес дафъ шав."

Пулиси Лос-Анҷелес дар саҳифаи X (Твиттер) хабар дод, ки баъди ҳушдорҳои зиёд, чанд нафар боздошт шудаанд.

Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес шоми ҷумъаи 6-уми июн пас аз он оғоз шуд, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук дастикам 44 нафарро бо гумони нақзи қонуни муҳоҷират дастгир карданд.

Кохи Сафед хабар дод, ки Доналд Трамп дастур додааст, ки "барои ҷорӣ кардани тартибот ва аз байн бурдани беқонунӣ," сарбозони Гвардияи миллӣ ба Лос-Анҷелес фиристода шаванд.

Волии аёлати Калифорния, ки шаҳри Лос-Анҷелес ҳам ба он шомил аст, қарори Трампро танқид карда, онро “” хонд. Гэвин Нюсом дар шабакаи X навишт, "Трамп сарбозони Гвардияи миллиро на барои камбуди пулис, балки барои намоиш ба Лос-Анҷелес фиристод. Ягон хушунат нест, танҳо эътирози сулҳомез аст."

Доналд Трамп баъди бозгашт ба Кохи Сафед ваъда додааст, ки маъракаи бузурги ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро роҳандозӣ мекунад.

Эрон иддаъо дорад, ки садҳо ҳуҷҷати махфии Исроилро дуздидааст

Расонаҳои давлатии Эрон хабар додаанд, ки ҷосусони ин кишвар як бастаи калони ҳуҷҷатҳои махфии Исроилро дуздидаанд. Исроил то ин лаҳза ба иддaъои Эрон расман ягон вокуниш накардааст.

Хабаргузориҳои маҳаллии Эрон 7-уми июн навиштанд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои рабудашуда марбут ба барнома ва таъсисоти ҳастаии Исроил аст, аммо ҷузъиёти бештар надоданд.

Хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз "манбаи огоҳ дар дастгоҳи амниятӣ" муддаӣ шудааст, ки Эрон "ба анбуҳе аз иттилоот ва ҳуҷҷатҳои ҳасос"-и Исроил, аз ҷумла "ҳазорон ҳуҷҷати вобаста ба таъсисоти атомии он" даст ёфтааст. Айни ин хабарро чанд расонаи дигар дар Эрон нашр карданд, аммо ҷузъиёти хосе дар бораи ҳуҷҷатҳо надодаанд.

Исроил ба ин хабар то лаҳзаи нашри ин матлаб вокуниши расмӣ накардааст. Аммо рӯзномаи "Ерусалим Пост" бо бознашри хабари расонаҳои эронӣ навишт, ҳанӯз моҳи май ду исроилӣ бо айбномаи ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шудаанд.

Нашри ин хабар дар ҳолест, ки танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон афзоиш ёфтааст.

"20 ҳазор сомонӣ пора гирифт." Боздошти як муфаттиш дар Исфара

Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод
Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфараро шарҳ дод.

Ин ниҳод дар хабарномае навишт, Шукурзода М, барои "иҷро кардани амали муайян", аз бародари як боздоштшуда 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Назари Шукурзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Дар Оҷонсии зидди фасод гуфтанд, ин муфаттишро моҳи феврали имсол ҳангоми гирифтани пора дар дохили нақлиёташ дастгир кардаанд. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушода, баъди таҳқиқ маводҳоро ба додгоҳ фиристодаанд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки додгоҳ нисбати Шукурзода М. чӣ ҷазо таъин кардааст. Қисми аввали моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, барои ин ҷиноят 684 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса рафтааст

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8-уми июн барои ширкат дар як ҳамоиши Созмони Милал оид ба уқёнусҳо ба Фаронса рафтааст.

Дафтари матбуоти президент навишт, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ширкат мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз он ситоиш мекунанд, ки Душанбе яке аз ташаббускороон ҳалли масъалаҳои вобаста ба камбуди об дар ҷаҳон аст. Аммо тибқи омори расмӣ, дар дохили кишвар 34 дарсади аҳолӣ бо оби тоза таъмин нестанд.

Исроил ҷасади як гаравгони тайландиро дар Ғазза пайдо кард

Ғазза, Фаластин.
Ғазза, Фаластин.

Вазири дифои Исроил 7 июн гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар ҷасади як шаҳрванди Тайландро пайдо карданд, ки дар моҳи октябри соли 2023 аз сӯи гурӯҳи "Ҳамос" гаравгон гирифта шуда буд.

Ба гуфтаи вазири дифои Исроил, ҷасади Наттапонг Пинта дар ҷараёни амалиёти вижа дар Рафаҳ, дар ҷануби Ғазза, ба даст омадааст.

Тайландиҳо бузургтарин гурӯҳи ғайриисроилӣ буданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 7 октябри соли 2023 гаравгон гирифта шуданд.

Ду рӯз пеш ҷасадҳои ду тани дигар, ки шаҳрвании Исроил ва Амрикоро доштанд, дар Ғазза пайдо шуд.

Панҷоҳу ду тани дигар ҳанӯз дар дасти "Ҳамос" ҳастанд, ки Исроил мегӯяд беш аз ниме аз онҳо кушта шудаанд.

Рӯзи 7 октябри соли 2023 гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дар ҳамла бар "Исроил" наздик ба 1200 танро кушт ва 251 каси дигарро гаравгон гирифт.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати "Ҳамос" аст, мегӯяд, ки аз он замон то кунун дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин борика беш аз 54 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари кушташудаҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ҳалокати панҷ тан дар ҳамлаҳои Русия ба Украина

Харков, Украина. 7 июни соли 2025.
Харков, Украина. 7 июни соли 2025.

Бар асари ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар субҳи 7 июн, се нафар дар шаҳри Харков ва як зану шавҳар дар Херсон, ба ҳалокат расиданд.

Русия дар ин ҳамла аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода кардааст.

Игор Терехов, шаҳрдори Харков гуфт, ки ин шаҳр бо 48 паҳбоди сохти Эрон, ду мушак ва чаҳор бомбаи ҳидоятшуда, мавриди ҳамла қарор гирифт. Харков 1,4 миллион аҳолӣ дорад ва дар 50-километрии марзи Русия дар шимол-шарқи Украина ҷойгир аст.

Терехов гуфт, ки дар ҳамлаҳои Русия ҳамчуни 17 нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи вай, як зан аз зери вайронаҳои як бинои баландошёна зинда берун оварда шуд.

Ҳокими минтақаи Харков Олег Синегубов гуфт, ду кӯдак ҳам дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.

Мақомоти Чину Амрико дар Лондон мулоқот мекунанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки 9 июн се тан аз мақомҳои кобинаи ӯ бо намояндагони Чин дар Лондон мулоқот хоҳанд кард, то дар мавриди як созиши тиҷоратӣ гуфтугӯ кунанд.

Трамп рӯзи ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки вазирони молия, тиҷорат ва намояндаи тиҷорати Амрико, дар ин нишаст иштирок хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин навиштааст, ки "ин нишаст бояд бисёр хуб пеш биравад".

Барномарезии ин нишаст як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, телефонӣ суҳбат кард. Ин тамос дар ҳоле сурат гирифт, ки таниши тиҷоратӣ байни ду кишвар афзоиш ёфтааст.

Бо онки Амрико ва Чин ахиран як созиши 90-рӯзаро дар бораи бекор кардани шуморе аз таърифа ё боҷҳои тиҷоратӣ имзо карданд, аммо ин созиши муваққат, ба нигарониҳои густурдатар поён надод.

Боздошти "корманди ҳифзи ҳуқуқ" барои дуздиву қаллобӣ

Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти марде хабар дод, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварии сокинон дар чанд ҳолат даст ба қаллобӣ задааст.

Ба иттилои идораи пулиси вилоят, марди 31-солаи сокини Душанбе ба яке аз маркази хидматрасонии бонкии "Душанбе ситӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ даромада, аз як корманди марказ 15 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб мезанад.

Корманди ин марказ дар навори пахшнамудаи мақомот тасдиқ мекунад, ки боздоштшуда худро корманди прокуратура муаррифӣ кардааст. Маълум нест навор дар чӣ шароит сабт шудааст.

Пулис мегӯяд, дастгиршуда бо ҳамон шева, яъне муаррифии худ ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ аз чанд дӯкони гӯштфурӯшии сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ бо ваъдаи баргардонидан гирифтааст.

Нисбати марди гумонзад ба қаллобӣ ва дуздӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Назари ӯ ба чунин иттиҳом маълум нест.

Дар Деҳлӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Ҳинд барпо мешавад

5 июн, Ҳинд. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳинд - Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманям Ҷайшанкар
5 июн, Ҳинд. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳинд - Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманям Ҷайшанкар

Дар шаҳри Деҳлии Нав рӯзи 6 июн ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ҳинд ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад ва Тоҷикистонро дар ин нишаст вазир Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ хоҳад кард.

ВКХ Тоҷикистон гуфт, Муҳриддин рӯзи панҷшанбе бо ҳамтои ҳиндиаш Субраҳманям Ҷайшанкар дидору гуфтугӯ намуд. Дар мулоқот ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид, навиштааст сомонаи ВКХ Тоҷикистон.

Дар саҳифааш дар Х вазири Ҳинд Ҷайшанкар аз “мулоқоти хубе” бо Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода гуфтааст, ки ҷонибҳо “ба зарурати мубориза бар зидди терроризм дар минтақа таъкид карданд. Дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, сармоягузорӣ ва иртиботот изҳори назар намуданд”.

Сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Ҳинду Осиёи Марказӣ дар таърихи 6 июн, ки бори чорум барпо мешавад, таваҷҷӯҳи хос “ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои байни ин кишварҳо дар соҳаи тиҷорат, иртиботот, фанновариҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи рушд равона мешавад. Вазирони хориҷии кишварҳои Ҳинду Осиёи Марказӣ инчунин ба чолишҳои амниятии минтақавӣ ва дигар масоили ҷаҳонии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак муроҷиат хоҳанд кард”.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дигар кишварҳои хориҷӣ ҳам дар чаҳорчӯби “5+1” маҳфилҳое барпо мекунанд.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG