Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 сарбози Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон


Шаш сарбози Иёлоти Муттаҳида дар як ҳамлаи ошӯбгарон дар Афғонистон кушта шудаанд. Ҳарбиёни НАТО мегӯянд, ин сарбозон рӯзи шанбе дар рӯйдодҳои гуногун дар манотиқи ноороми ҷануб ва шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Қаблан НАТО гуфт, ду ҳамла ба пойгоҳҳои ҳарбии худро шикаст дод, ки дар натиҷаи онҳо 24 ошӯбгар кушта шудааст. Мақомоти Афғонистон имрӯз эълон карданд, ки дар сӯиқасде дар вилояти Ҳирот як номзади интихоботи порлумонии моҳи сентябр ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG