Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9,5 миллион доллар имдоди фаврии Амрико ба Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳида ба Қирғизистон дар ҳаҷми 9,5 миллион доллар кӯмаки фаврӣ хоҳад фиристод. Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ин сармоя барои расидагӣ ба ниёзҳои ғайриинтизор ва имдод ба паноҳандагону муҳоҷирон истифода хоҳад гашт. Қирғизистон дар моҳи июн бо хушунатҳои марговари байниқавмӣ рӯбарӯ шуд. Садҳо нафар кушта шуда, манзили асосан ӯзбактаборон дар ҷануби ин кишвар ба коми оташ рафт.
XS
SM
MD
LG