Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки молии ИМА ба зарардидагон дар Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом кардааст, ки тасмим дорад барои кумак ба осебдидагони хушунатҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон 9,5 миллион доллар ихтисос диҳад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико элом кардааст, ки тасмим дорад барои кумак ба осебдидагони хушунатҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон 9,5 миллион доллар ихтисос диҳад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ин маблағ қарор аст, барои ниёзҳои паноҳандагон ва муҳоҷирони вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод масраф шавад.

Ин дуввумин тарҳи кумаки молии Амрико ба зарардидагони хушунатҳо дар Қирғизистон аст. Қаблан вазорати корҳои хориҷии Амрико барои муқобила бо бӯҳрони ахири дохилии Қирғизистон 6,5 миллион доллар ироа карда буд.

Дар рӯйдодҳои моҳи иёни соли ҷорӣ дар ҷануби Қирғизистон ҳудуди 200 нафар кушта ва ҳазорон нафар паноҳанда шуданд.

Бозсозии шаҳри Уш

Ҳамзамон ҳукумати Қирғизистон барномаи бозсозии шаҳри Ушро рӯи даст гирифтааст, ки маркази муноқишаҳои қавмӣ буд. Чанд ширкати байналмилалӣ низ тасмим гирифтаанд, ки дар бозсозии ин шаҳр саҳм мегиранд.

Яке аз онҳо консорсиуми ширкатҳои олмонӣ, итолиёӣ ва эронӣ таҳти унвони «Сарес» аст, ки интизор меравад, хонаҳои истиқоматиро бо нархи дастрас барои мардуми шаҳри Ӯш бунёд кунад.

Идораи давлатии бозсозии шаҳрҳои Ҷалолобод ва Ӯш беш аз 80 дарсади манзилҳои ба коми оташ фурӯрафтаи ин ду шаҳри самти ҷанубро ғайриқобили бозсозӣ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG