Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бангкок аз дуздии палангбача пешгирӣ карданд


Мақомоти гумруки фурудгоҳи Бангкок-пойтахти Таиланд занеро боздошт карданд, ки талош дошт дар сумкаи худ дар миёни бозичаҳо ё ҳайкалчаҳои паланг палангбачаи зиндаеро бо худ гузаронад. Мақомоти Таиланд мегӯянд, ба ин бачаи паланг доруи хоб додаанд ва билети зан барои парвоз ба Теҳрон аз сабти номи фурудгоҳ гузаштааст. Зани 31-солаи тай ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, вай аз мавҷудияти ин палангбача хабар надоштааст ва бояд сумкаро ба каси дигар медод. Гурӯҳҳои ҳимоят аз ҷонварон аз ҳукумат дархост кардаанд, ки дар Осиё саршумори палангонро нигоҳ доранд, зеро онҳоро савдогарон ба савдо мезананд ва хатари коҳиши шумораи онҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG