Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут тоҷири марг ё тоҷири муваффақ?


Бут ҳафт тахаллусу даҳҳо шиноснома дорад ва мақомоти Амрико ӯро "семаҳсултарин тоҷири силоҳ” муаррифӣ мекунанд. Тоҷире, ки аз Толибон сар карда, то фармондеҳи Либерия, Чарлз Тейлорро бо силоҳу муҳимоти низомӣ таъмин кардааст.

Ва аммо имрӯз Виктор Бут дар маҳбаси Таиланд ва интизори истирдод ба Амрикост – Вошингтон ӯро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла, суӯқасд ба ҷони шаҳрвандони кишвар ва кӯмак ба гурӯҳҳои террористӣ айбдор мехонад ва дар сурати тайид шудани ин айбнома Бут шояд ба ҳабси абад маҳкум шавад. Шаҳрванди 43-солаи Русия, ба иттилоъи расмӣ, ба минтақаҳои доғу гирифтори набардҳои Амрикои ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Африқо силоҳ мефурӯхт.

Сӯи хаткашон тир наандозед!

Дуглас Фараҳ, яке аз муаллифони китоби “Тоҷири марг” дар бораи Виктор Бут, мегӯяд, ӯ силоҳро ба он нуқтаҳои доғе интиқол медод, ки дигар тоҷирони силоҳ ба он ҷо дастрасӣ надоштанд: “Яке аз мусоҳибони ман дар китоб гуфта буд, ки ӯ хаткашон аст ва шумо ҳеҷ гоҳ сӯи хаткашон тир намеандозед. Афроде чун ӯ, ки тавонанд на фақат ба қораи Африқо, балки ҳамчунин ба Афғонистон, ки он ҷо на роҳ асту на қатора ва на ягон василаи дигари нақлиёт силоҳ фиристанд, ангуштшуморанд".

Виктор Бут исрор мекунад, ки ӯ ба тиҷорати қонунии интиқоли бор тавассути ҳавопаймо машғул аст ва ҳеҷ гоҳ даст ба қонуншиканӣ назадааст. Ӯ моҳи марти соли 2008 дар меҳмонсарои муҷаллали Бангкок бар асари як амалиёти пешакӣ тарҳрезишуда боздошт шуд. Дар он амалиёт кормандони хадамоти ҷосусии Амрико худро харидорони силоҳ аз нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия (ФАРК) муаррифӣ карданд.

Маскав аз Бут пуштибонӣ мекунад

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи таҷдиди назари Таиланд дар бораи истирдоди Бут ба ИМА ҳукм содир намуд. Русия ба ин ҳукм шадидан эътироз кард - Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Ереван изҳор намуд, ки тасмими додгоҳи Таиланд ангезаи сиёсӣ дорад.

Ӯ гуфт, “аз ин ҳукми, аз нигоҳи ман, ғайриқонунӣ ва сиёсӣ, ки Додгоҳи таҷдиди назари Таиланд содир кард, мутаассифем. Ин тасмим, бар пояи иттилоъе, ки мо дорем, бар асари фишори шадид аз хориҷ гирифта шудааст ва ин таассуфовар аст”.

Истирдоди Виктор Бут бояд рӯзи 25 август сурат мегирифт ва аммо мақомоти Таиланд гуфтанд, ки он ба таъхир меуфтад, зеро ҳанӯз асноди зарурӣ барои истирдод аз сӯи додгоҳ таҳия нашудаанд. Инро дар Маскав худ паёме қабул намуданд, ки шояд ҳукумати Таиланд ҳукмашро бознигарӣ кунад.

Бут: Ман ҷосуси КГБ набудам

Виктор Бут дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ Донишгоҳи низомии забонҳои хориҷии шаҳри Маскавро хатм кардааст ва бо шаш забон озодона сӯҳбат мекунад. Баъд аз хатми донишгоҳ ӯ дар нерӯҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор шурӯъ намуд ва ва бори аввал ба Ангола сафар кард.

Ҳадс зада мешавад, ки ӯ дар ин кишвар супоришҳои КГБ-ро иҷро мекард, вале худи Бут ҳама гуна иртиботаш бо Кумитаи амнияти миллии шӯравиро рад мекунад. Зимнан, коршиносон бо ишора ба робитаҳои Виктор Бут бо мақомоти олимартабаи сиёсии Русия, ҳамкории ӯ бо хадамоти амниятиро баъйид намедонанд.

Бут – тоҷири марг...

Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ тақрибан 50 ҳавопаймои боркашро бо маблағи ночиз харидорӣ кард. Ба гуфтаи Дуглас Фараҳ, яке аз муаллифони китоби “Тоҷири марг”, Бут барои се ҳавопаймои Ан ҳамагӣ 120 ҳазор доллар пардохт карда буд. Ба иттилоъи мақомоти ИМА, Бут силоҳи анборҳои тақрибан беназоратмондаи шӯравиро харидорӣ карда, дар Африқову Охиё ва Амрикои Лотин мефурӯхт. Дуглас Фраҳа меафзояд, ки Бут ба ин кишварҳо чархболҳои низомӣ, системи зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва майнҳои зиддинафар интиқол медод ва “ин ҳама гумон аст, ки бидуни ризояти мақомоти вақти Русия имконпазир мебуд”.

Дар асноди СММ Бут ҳамчун “қочоқбари силоҳ ва маъданҳои гаронбаҳо” арзёбӣ шудааст, ки ба раисиҷумҳури собиқи Либерия Чарлз Тейлор дар ноором кардани Сиера-Леоне ва дастрасияш ба сангҳои гаронбаҳо, аз ҷумла, алмос кумак карда буд. Тахмин зада мешавад, ки Бут ҳамчунин “Толибон” ва Эътилофи шимоли Афғонистон, гурӯҳҳои даргири Конго, раисиҷумҳури Либия Муаммар Каззофӣ, ҳар ду ҷониби вориди низоъ дар Анголаро бо силоҳ таъмин мекард.

Ӯ ҳамчунин аз тоҷирони калидии силоҳ барои мусалмонҳои Боснӣ замони ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговина дар миёнаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта буд. Нуктаи аз ҳама ҷониб он аст, ки ширкати Виктор Бут соли 2000 аз сӯи ИМА барои интиқоли молу мавод барои Ироқ интихоб шуда буд. Ба гуфтаи Дуглас Фараҳ, парвози ҳавопаймоҳои Бут ба Ироқ ҳатто баъди он ҳам идома мекард, ки Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури пешини ИМА, созишро бо ин ширкат лағв кард ва Бутро ба феҳристи афроди барои ИМА хатарнок шомил намуд.

... ё фарди хайрпеша?

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои Виктор Бут барои интиқоли нерӯҳои посдори сулҳ ба Сомалӣ, интиқоли нерӯҳои фаронсавӣ ба Руанда, интиқоли кумаки башарӣ барои осебдидагон аз тсунамӣ дар Шри Ланка ҳам истифода мешуданд.

Истирдоди Бут – пирӯзии Вошингтон

Полиси байнумилал ё Интерпол фақат соли 2002 дар мавриди боздошти Бут амр содир кард ва аммо ин тоҷири силоҳ дар, “шустушӯи пул” муттаҳам мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки Бут бояд дар ниҳоят ба ИМА истирдод шавад ва ин пирӯзии муҳими Вошингтон хоҳад буд, зеро Амрико имкони дастрасӣ ба иттилоъи муҳим дар бораи ҷосусҳои рус ва гурӯҳҳои ошӯбгар дар сартосари ҷаҳонро пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG