Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кореяи шимолӣ ба Чин сафар мекунад


Раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Ҷонг Илл, бино ба хабарҳо, қасди сафар ба Чинро дорад. Хабаргузории Йонҳапи Кореяи ҷанубӣ навишт, ҳадафи сафари имрӯзаи ӯ ҳанӯз рӯшан нашудааст. Вазорати хориҷаи Чин то ҳол ҷузъиёти сафари Ким Ҷонг Иллро ташреҳ накарда, вазорати хориҷаи Кореяи ҷанубӣ аз ташреҳи он худдорӣ кардааст.
Ким Ҷонг Илл дар моҳи май низ аз Чин боздид ва бо раиси ин ҷумҳурӣ Ҳу Ҷинтао мулоқот карда буд.
XS
SM
MD
LG