Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот изи маҳбусони фирориро ҳанӯз наёфтаанд


Бо гузашти 3 рӯз аз фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, мақомоти ин кишвар эътироф мекунанд, ки ҷустуҷӯи фирориён то кунун натиҷае надодааст. Як мақоми баландпояи тоҷик ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, эҳтимоле боқист, ки фирориён то ҳол дар ҳудуди Тоҷикистонанд ва мақомот таъқиби онҳоро бар асоси ҳамин фарзия идома медиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон дирӯз дар роҳи таъқибу боздошти маҳбусони фирорӣ аз мардум ва аз кишварҳои ҳамсоя низ кӯмак хостанд. 25 маҳбус, ки 5 нафараш шаҳрванди Русия, 2 тан атбоъи Узбакистон, 4 нафар аз Афғонистон ва 14 нафари боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, шаби 23 август дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздошт фирор карданд.
XS
SM
MD
LG