Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони донишҷӯ дар Кобул бо газ заҳролуд шуданд


Мақомоти маорифи Афғонистон гуфтаанд, имрӯз даҳҳо нафар донишҷӯ ва устодони як мактаби духтарона дар Кобул аз гази номаълум ба беморие гирифтор шудаанд. Ин газ дар синфхонаҳо пахш шудааст. Дар гузашта низ ин гуна ҳодиса рух додааст ва даҳҳо нафар духтарон аз дарди сар ва дилбеҳузурӣ муолиҷа шуда буданд. Абдулғаффор Саидзода-раиси бахши мубориза бо ҷурму ҷиноёт дар пулиси шаҳри Кобул мегӯяд:

"Феълан барои мо ҳудуди 46 нафар гуфта шудааст. Мумкин аст аз ин ҳам зиёд бошад. Шумораи дақиқ маълум нест, зеро касе тавассути хешовандон, касе тавассути мо ва ё касони дигар ба шифохонаҳо интиқол дода шудаанд".

Аз сӯи дигар, Муҳаммад Осиф Нанг-сухангӯи вазорати омӯзишу парвариши Афғонистон гуфтааст, 60 нафар духтарони донишҷӯ ва муаллимони мактаби духтаронаи Тотиа ҳоло муолиҷа мегиранд. Бими он меравад, ки дар ин ҳодиса тундравҳои исломӣ даст доранд.
XS
SM
MD
LG