Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенизомӣ дар вилояти Бодғиси Афғонистон


Мақомоти амниятии Афғонистон барои саркӯбии бенизомиҳо дар вилояти Бодғиси ин кишвар сафарбар шуданд. Вазъ дар маркази вилояти Бодғис баъд аз ҳодисаи тирандозӣ миёни як корманди полиси афғон ва низомиёни испанӣ муташанниҷ шуд.

Ҳукумати Испания имрӯз тайид кард, ки ду корманди полиси кишвар ва тарҷумони онҳо дар пойгоҳи низомӣ дар Қалъаи нав аз тири полиси афғон кушта шуданд.

Абдулғанӣ Собирӣ, муовини раиси вилояти Бодғис дар робита ба ин ҳодиса ба Радиои Афғонистони озод гуфт, ки “ полиси мо ба маҳалли пойгоҳи Испания ворид шуда он ҷо тамрини низомӣ мегиранд. Як нафар бо номи Ғулом Сахӣ, ки полис буд, ҳамроҳи худ (ба пойгоҳ) силоҳ бурда буд ва сӯи испаниҳо тир андохт, ки се нафар аз онҳо захмӣ ё кушта шуданд ва билохира ӯро ҳам зада куштанд”.

Ғулом Сахӣ - гумоштаи “Толибон”?

Абдулғанӣ Собирӣ ҳадс мезанад, ки корманди навкори полис шояд бо ошӯбгарони “Толибон” робита дошт ва маҳз ба хотири ҳамла ба нерӯҳои байнулмилалалӣ бо силоҳ вориди пойгоҳи низомиёни Испания шудааст. Ӯ меафзояд, мақомоти Бодғис Толибонро дар он гумонбар мехонанд, ки корманди полисро барои таҳияи дасиса ба ҳамла дар ин пойгоҳ таҳрик додаанд.

Хабарнигори Радиои Афғонистон Озод хабар дод, ки баъд аз ин ҳодиса дар канори пойгоҳи низомиёни Испания мардуми зиёде ҷамъ омада, талоши ҳамла ба пойгоҳ карданд ва ҳатто як бахши онро ба оташ кашиданд. Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки низомиёни испанӣ сӯи тазоҳургарон тир андохта, чанд нафарро маҷрӯҳ карданд.

Ва аммо ҳукумати Испания хабари ҳамла ба пойгоҳро рад кард. Ба гуфтаи мансабдорони ин кишвар, намоишгарон мехостанд, ки низомиён ҷасади полиси афғонро ба онҳо диҳанд. Онҳо ҳамчунин талаб мекарданд, ки ба додрас барои таҳқиқи ҳодиса иҷозаи вуруд ба пойгоҳ дода шавад. Мақомоти Афғонистон ва намояндагони НАТО сару садоҳо дар мавриди ҳалокати чанд нафар дар канори пойгоҳро рад карданд.

Тазоҳургарон бинои ҳукуматро забт карданд

Абдулғанӣ Собирӣ мегӯяд, ки намоишгарон баъд аз эътироз дар канори пойгоҳи низомиёни Испания вориди бинои ҳукумат дар Қалъаи нав шуданд ва аз мақомоти маҳаллӣ тақозо намуданд, ки артиш ва полисро барои дифоъ аз мардуми маҳаллӣ сафарбар намоянд.

Абдулло Хирадманд Дурронӣ, раиси яке аз идораҳои ҳукумати вилояти Бодғиз ба Радиои Озод гуфт, ки тазоҳургарон чанд тирезаро шикастанд ва вориди дафтари кори волӣ шудаанд. Ӯ афзуд, ки волӣ он лаҳзаҳо дар дафтари кораш буд. Ба гуфтаи Дурронӣ, айни ҳол ором кардани эътирозгарон хело ҳам мушкил аст. Ва аммо баъдан Абдулғанӣ Собирӣ, муовини волии Бодғис, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки артиш ва полис бинои ҳукуматро таҳти назорат доранд.

Толибон вориди нерӯҳои амниятӣ мешаванд?

Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаи ахир мавзӯъи имкони вуруди ошӯбгарон ба сафи нерӯҳои амниятии Афғонистонро доғ кард. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати марказии Кобул мехоҳад теъдоди ин нерӯҳоро афзоиш диҳад ва фаъолияти ширкатҳои хусусии амниятӣ дар кишварро қатъ кунад.

Намояндагони расмии НАТО мегӯянд, ки ҳукумати Афғонистон ба хотири таъмини амният дар кишвар соли оянда бояд 141 ҳазор сарбозу корманди нави полисро ба кор қабул кунад. Қарор аст онҳо ҷойгузини низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои таҳти фармони НАТО шаванд, ки аз тобистони соли оянда хуруҷашон аз Афғонистон шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG