Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Шоиста Муллоҷонова дар Вена баргузор шуд


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вена хабар додааст, ки ҷамъияти яҳудиҳои Бухоро дар Австрия ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони ин кишвар ахиран маросими ёдбуди Шоиста Муллоҷонова-ҳунарманди пуровозаи тоҷик ва барандаи ҷоизаи ба номи Рудакиро баргузор карданд. Дар ин бора хабаргузории Азия-Плюс иттилоъ додааст. Шоиста Муллоҷонова 27-ӯми июн дар қабристони Лонг Айленди шаҳри Нию Йорк ба хок супурда шуд. Ин ҳунарманди маъруф 25-ӯми сентябри соли 1925 дар шаҳри Сталинобод, дар шаҳри кунунии Душанбе ба дунё омада буд ва дар остонаи фурӯпошии Шӯравӣ ба Амрико муҳоҷират кард.
XS
SM
MD
LG