Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведев бо Боно


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз дар қароргоҳаш дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар наздикии Сочӣ, Боно, овозхони шӯҳратёри гурӯҳи ирландии “U2”-ро ба ҳузур пазируфт. Медведев, ки мухлиси ашаддии гурӯҳҳои роки классикие, чун “Deep Purple” ва “Led Zeppelin” аст, аз Боно барои бардоштани мушкилоти қораи Африқо, аз ҷумла фақру густариши HIV ва AIDS ситоиш кард.
Медведев бо Боно ба англисӣ сӯҳбат кардааст.
Боно имрӯз нахустин консерташро дар Русия доир мекунад. Ин консерт бахше аз сафари ҷаҳонии ӯст, ки таҳти унвони "360" анҷом мешавад. Боно бо иқдомоти башариаш, аз ҷумла ба хатт задани қарзи кишварҳои фақрзада ташвиқ кардани давлатҳои сарватманд, низ маъруф аст.
XS
SM
MD
LG