Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 800 000 нафар дар инзивоъ мондаанд


СММ мегӯяд, бар асари обхезиҳо тақрибан 800 000 нафар дар Покистон дар инзивоъ қарор гирифтаанд. Ин созмони ҷаҳонӣ аз давлатҳо даъват кард, ба хотири расондани кӯмакҳои изтирорӣ ба ин мардум дастикам 40 чархбол бифиристанд.
Ба гуфтаи мақомот, аксари ин мардум маҳрум дар кӯҳистони шимолуғарби Покистон, ки роҳҳову пулҳояшро сел шуста, бурдааст, ба сар мебаранд.
Бо ин ҳол, сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ гуфт, мақомот дар бораи хатари шуйюъи амрози сироятие, чун вабо ва дарунрав, дар манотиқи селзада нигаронии ҷиддӣ доранд.
Гелонӣ гуфт, Покистон аз “бадтарин офати табиӣ дар таърихи худ” ранҷ мекашад.
СММ мегӯяд, бар асари обхезиҳо ҳудуди 1,2 миллион манзил тахриб шуда, беш аз 17 миллион нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG